Хабарҳо
Бар асари фаромадани ярч дар ноҳияи Деваштич 5 нафар ба ҳалокат расидаанд - 18.05.2021 16:34
Миёни КВД «Садаф», Донишкадаи политехникии ДТТ ва ҶДММ «Днепроэнергостал»-и Украина созишномаҳои ҳамкорӣ имзо шуд - 18.05.2021 16:27
Оғози маъракаи ҷамъоварии ҳосили пилла - 18.05.2021 09:30
Бахшида ба 80-солагии Лоиқ Шералӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиши илмию адабӣ доир гардид - 17.05.2021 12:28
Дар Душанбе ва Хуҷанд Нуҳумин намоишгоҳ-ярмаркаи «Таҳсилот дар Россия. Тоҷикистон-2021» доир мешавад - 17.05.2021 11:28
Ҳамоиши адабӣ - фарҳангӣ таҳти унвони "Ҷойгоҳи модар дар ашъори Лоиқ Шералӣ" доир шуд - 17.05.2021 11:29
Дар Душанбе Рўзҳои фарҳанги шаҳри Хуҷанд баргузор гардид - 17.05.2021 11:25
Баргузории Дави миллӣ дар Суғд - 16.05.2021 11:10
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Ашт - 15.05.2021 11:17
"Мо бо шумоем, мардуми Хатлонзамин!" Ирсоли кӯмакҳо ба сокинони зарардидаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб - 14.05.2021 17:44

Паёму табрикот

Табрики Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи Модар

( 0 Овоз )

Табрики Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи МодарМодарон ва хоҳарони арҷманд!

Ба муносибати Рӯзи Модар, ки аз омадани зеботарин фасли табиат - баҳори нозанин башорати неку саодатмандӣ медиҳад, самимона таҳният гуфта, бароятон бахту иқболи бардавом, саодати ҳамешагӣ, хушиҳои рӯзгор ва нишоти умрро таманно менамоям.

Соли панҷум аст, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба хотири эҳёи яке аз қадимтарин ҷашнвораҳои миллати мо ва гиромидошти занону модарон дар айёми баҳору эҳёшавии табиат -  Рӯзи Модар дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Таҷлили сазовори ин рӯзи муборак рисолати ҷомеаро дар муносибат ба эҳтироми модарону хоҳарони арҷманд таъкид намуда, гувоҳи эътибору манзалати волои бонувон дар ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Табрики Раиси вилоят бахшида ба Соли нави 2013

( 2 Овоз )

Ҳамдиёрони азиз!
Соли 2012, ки мо онро дар китоби таърихи халқамон номнавис менамоем, соле буд пур аз воқеоти наҷиб, рӯйдодҳои таърихӣ ва фаромӯшнашаванда. Дар ин соли пурфайз мардуми вилоят дар роҳи татбиқи сиёсати оқилонаву ояндабахши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардида, дар шукуфоии кишвар ва рушди ҷомеа саҳми муассир гузоштанд.

ШУМО ДАР: Паёму табрикот