Хабарҳо
Дар моҳи мубораки Рамазон ба ду нафар шахсони эҳтиёҷманд хонаҳои истиқоматӣ эҳдо карда шуд - 10.05.2021 08:15
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Паради низомӣ бахшида ба 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Москва боздид намуданд - 09.05.2021 15:09
Ба сокинони зарардидаи деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён сару либос ва дигар лавозимот дастрас карда шуд - 09.05.2021 10:08
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот намуданд - 09.05.2021 07:00
Ҳамсоя аз хеши дур беҳ - 08.05.2021 21:40
ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили 76-умин солгарди Ғалаба бар фашизм - 08.05.2021 20:35
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия - 08.05.2021 14:31
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 76-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар пояи лавҳаи ёдгории «Боғи Ғалаба»-и пойтахт гулчанбар гузоштанд - 08.05.2021 11:21
Таҷлили Рӯзи Ғалаба дар вилояти Суғд - 08.05.2021 12:03
Раҷаббой Аҳмадзода ба аҳли оилаи Ҷасур Сиярқулов изҳори ҳамдардӣ намуд - 07.05.2021 17:28

Таҷлили ҷашни Сада дар шаҳри Конибодом

( 0 Овоз )

Дар боғи фарҳангии шаҳри Конибодом бо иштироки роҳбарони коргоҳҳо, ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳҳо, фаъолон ва собиқадорони меҳнат бахшида ба ҷашни Сада чорабинии идона баргузор гардид.

Иштирокчиёни чорабинӣ нахуст аз намоиши техникаҳои муосири кишоварзӣ, ниҳолу буттаҳои гуногун, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили адрасбофиву зардӯзӣ, наққошиву рассомӣ боздид намуданд.

Раиси шаҳри Конибодом Зафарбек Давлатзода сокинонро ба муносибати фарорасии ҷашни Сада табрик гуфт. Зикр гардид, ки Сада яке аз ҷашнҳои бошукӯҳи аҷдодиамон  буда, таърихи хеле қадима дорад ва чун ёдгори ниёгон баъди истилои араб низ ботантана таҷлил мегардид. Ин ҷашни ориёӣ дар Осиёи Марказӣ бештар бо оғози корҳои кишоварзӣ, хоса боғдориву ғаллакорӣ алоқаманд аст. Аз ин рӯ, дар ин мавсим тараддуду ташвиши деҳқонон шуруъ шуда, аз тайёриву омодагии онҳо бурду бохти минбаъдаи сол вобаста аст.

Дар робита ба ин нукта тазаккур дода шуд, ки аслан фалсафаи ҷашни Сада тавлиду офариниш, нуру рӯшноӣ  ва  бунёдкориву созандагӣ буда, ба истилоҳи дигар  анҷоми фасли сармо ва оғози гармии ҳавост.  Аз ин лиҳоз, ки ниёгонамон ойини зардуштиро парасторӣ дошта, танҳо оташро асосу мояи пайдоиш ва ҳаёт  медонистанд, Садаро ҳамчун рӯзи тавлиди оташу тулӯи нур  хеле гиромӣ медоштанд.

Дар ҷараёни чорабинии идона инчунин озмуни шаҳрии дастархонороӣ баргузор шуда, беҳтаринҳо муайян гардиданд.

Сипас, барои иштирокдорони чорабинии идона аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр барномаи фарҳангӣ манзур карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

  • 1
  • 2
  • 3
ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Суғд Таҷлили ҷашни Сада дар шаҳри Конибодом