Хабарҳо
Бар асари фаромадани ярч дар ноҳияи Деваштич 5 нафар ба ҳалокат расидаанд - 18.05.2021 16:34
Миёни КВД «Садаф», Донишкадаи политехникии ДТТ ва ҶДММ «Днепроэнергостал»-и Украина созишномаҳои ҳамкорӣ имзо шуд - 18.05.2021 16:27
Оғози маъракаи ҷамъоварии ҳосили пилла - 18.05.2021 09:30
Бахшида ба 80-солагии Лоиқ Шералӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиши илмию адабӣ доир гардид - 17.05.2021 12:28
Дар Душанбе ва Хуҷанд Нуҳумин намоишгоҳ-ярмаркаи «Таҳсилот дар Россия. Тоҷикистон-2021» доир мешавад - 17.05.2021 11:28
Ҳамоиши адабӣ - фарҳангӣ таҳти унвони "Ҷойгоҳи модар дар ашъори Лоиқ Шералӣ" доир шуд - 17.05.2021 11:29
Дар Душанбе Рўзҳои фарҳанги шаҳри Хуҷанд баргузор гардид - 17.05.2021 11:25
Баргузории Дави миллӣ дар Суғд - 16.05.2021 11:10
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Ашт - 15.05.2021 11:17
"Мо бо шумоем, мардуми Хатлонзамин!" Ирсоли кӯмакҳо ба сокинони зарардидаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб - 14.05.2021 17:44

Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд фаъолияташро васеъ менамояд

( 0 Овоз )

Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд фаъолияташро васеъ менамояд

Дар доираи баргузории конфронси дуюми байниминтақавии «Роҳҳои нави ҳамкории байниминтақавии Русия ва Тоҷикистон» Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд бо Палатаи савдо ва саноати Пензаи Федератсияи Русия созишномаи ҳамкориро ба имзо расонид.

Дар рафти баргузории конфронс аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд бо муттасаддиёни чорабинии мазкур як қатор вохӯриву гуфтушунидҳо ба роҳ монда шуд. Дар он масъалаҳои марбут ба намояндагии федеролӣ, сарҳадӣ,  палатаи савдо ва саноти Русия баррасӣ гардид. Дар ин бора директори  генералии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Мақсуд Зиёбоев иттилоъ дод.

Ҳамингуна созишнома байни Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Палатаи савдо ва саноати Урали Ҷанубӣ низ ба имзо расид. Мувофиқи ҳуҷҷати мазкур байни ин ду Палата ҳамкориҳои мухталиф дар ҷабҳаҳои гуногун вобаста ба баргузории ярмаркаҳо, намоишҳо, семинару конфронсҳо бо ҷалби маблағ ва ивази таҷриба  ба роҳ монда мешавад.

Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд давоми 7 моҳи охир ба вилоятҳои гуногуни Федератсияи Русия ва соири давлатҳои хориҷӣ зиёда аз 20 созишномаи ҳамкориро ба имзо расонидааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд фаъолияташро васеъ менамояд