Хабарҳо
Дар моҳи мубораки Рамазон ба ду нафар шахсони эҳтиёҷманд хонаҳои истиқоматӣ эҳдо карда шуд - 10.05.2021 08:15
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Паради низомӣ бахшида ба 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Москва боздид намуданд - 09.05.2021 15:09
Ба сокинони зарардидаи деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён сару либос ва дигар лавозимот дастрас карда шуд - 09.05.2021 10:08
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот намуданд - 09.05.2021 07:00
Ҳамсоя аз хеши дур беҳ - 08.05.2021 21:40
ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили 76-умин солгарди Ғалаба бар фашизм - 08.05.2021 20:35
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия - 08.05.2021 14:31
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 76-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар пояи лавҳаи ёдгории «Боғи Ғалаба»-и пойтахт гулчанбар гузоштанд - 08.05.2021 11:21
Таҷлили Рӯзи Ғалаба дар вилояти Суғд - 08.05.2021 12:03
Раҷаббой Аҳмадзода ба аҳли оилаи Ҷасур Сиярқулов изҳори ҳамдардӣ намуд - 07.05.2021 17:28

Навиди Суғд


Ҳамсоя аз хеши дур беҳ

( 0 Овоз )

Корвони иборат аз 28 мошини пурбор бо кӯмаки моддии сокинони ҳамсояшаҳри Конибодом ба аҳолии дар муноқишаҳои сарҳадӣ зарардида вориди Исфара гардид.

Конибодомиҳо дар пайгирӣ аз анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ ба сокинони ҷамоатҳои деҳоти Чоркуҳ ва Ворух, ки аз низои мусаллаҳона зарар дидаанд,ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои ҳодисаи санаи 29 апрел рухдода дасти мадад дароз намуднд.

Намояндагони ҳамсояшаҳри Конибодом таҳти сарварии роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Акмал Ализода аз номи раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тухтасунзода омодагии хешро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар бартарафсозии оқибатҳои муноқишаҳои марзӣ иброз дошта, таъкид намуданд, ки онҳо ҳамеша дар канори ҳамватанони хеш ҳастанд.

Ҳамзамон бо иқдоми ҷомеаҳои меҳнатии шаҳри Конибодом барои оилаҳои осебдидаи деҳаҳои Сомониён ва Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ масолеҳи сохтмон, аз ҷумла зиёда аз панҷ ҳазор дона хишт, 4 тонна семент, 2200 дона сементблок, сарулибос, пойафзол, қолину рахти хоб, дигар маводи рўзгор, ашёи хониш ва маводи хўрока дастрас карда шуд.

Зимни тақсимоти кўмаки воридгардида, ки бо иштироки роҳбарияти шаҳр сурат гирифт, сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён бо баробари изҳори сипос ба Пешвои миллат ва мардуми Конибодом барои дастгирӣ ва пуштибониву ғамгории саривақтӣ,таъкид доштанд, ки рӯҳафтодаву ноумед нестанд ва бовар доранд, ки бо дастгириҳои Пешвои миллат ва ҳамватанони соҳибдил соҳиби сарпаноҳ мегарданд.

Бояд тазакур дод, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати як моҳ тамоми манзилҳои истиқоматии харобгардида ва осебрасида пурра бунёду барқарор гардида, бо маводи зарурии рӯзгор таъмин карда мешаванд.

Айни замон бошад, дар шаҳри Исфара ситоди корӣ ҷиҳати барқарорсозии хонаҳои истиқомати иминтақаҳои наздимарзӣ шабонарӯзӣ фаъол буда, дар ин самт чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.

Мавриди зикр аст,ки дар муноқишаҳои марзии санаҳои 29-30 апрел дар минтақаҳои наздисарҳадии Исфара 17 манзили истиқоматӣ ба пуррагӣ харобгардида, 38 ҳавлии дигар қисман зарар дидааст.

Суғд: Ба 30 нафар иштирокчиёни ҶБВ кӯмакпулиҳои Пешвои миллат тақдим карда шуд

( 0 Овоз )

9-уми май ҳамчун Рўзи Ғалаба, рўзи пирўзии сулҳ бар ҷанг ва некӣ бар бадӣ, чун дурахшонтарин саҳифаи таърихи башар ҳар сол пуршукуҳ таҷлил карда мешавад. Халқи тоҷик низ қатори дигар халқҳои озодихоҳу мутараққии ҷаҳон Иди Ғалабаро ботантана ва бо шаҳомати хоса ҷашн мегирад.

Имсол низ чун анъана тамоми иштирокчиёни ҷанг ва оилаҳои саробонашон дар ҷанг ҳалокгардида аёдат ва ба онҳо маблағҳои пулӣ ва маводҳои ғизоӣ тақдим карда шуд. Айни ҳол дар вилоят 30 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва як нафар оилаи саробонаш дар ҷанг ҳалокгардида дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиндагӣ мекунанд, ки ҳамаи онҳо таҳти ғамхорӣ фаро гирифта шуда, тамоми шароит барои онҳо муҳайё карда шудааст.

Инчунин, онҳое, ки бо медали «Барои меҳнати шоён дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 1941–1945» ё ин ки на кам аз шаш моҳ дар айёми ҷанг дар ақибгоҳ кор ва ё хизмат кардаанд, ба аёдат фаро гирифта шуданд.

Боиси зикр аст, ки байни иштирокчиёни ҷанг ва ақибгоҳ аз ҳама ҷавонтаринашон айни ҳол 95-сола буда, боқимонда ҳама аз синни 95 боло ҳастанд. Ду нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар арафаи 100-солагӣ қарор дошта, 12 нафар иштирокчиёни ақибгоҳ аз синни 100 гузаштаанд.

Ҳар сол дар арафаи иди Ғалаба ба иштирокчиёни ҷангу ақибгоҳ кўмакпулиҳо ҷудо карда мешавад. Соли равон низ аз ҷониби Ҳукумати кишвар иштирокчиёни ҷанг аёдат карда шуда, ба ҳар кадоми онҳо ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ кўмакпулиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорида шуд.

Аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода кўмакпулӣ ба ҳар нафар иштирокчии ҷанг ба маблағи 4000 сомонӣ, ба иштирокчиёни ақибгоҳи солҳои ҷанг ба маблағи 2000 сомонӣ тақдим карда шуд. Ҳамчунин, онҳо аз тарафи раисони шаҳру навоҳӣ аёдат ва бо кўмакпулию маводҳои хўрока таъмин карда мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Исфара. Кумакпулии Пешвои миллат ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ расонида шуд

( 0 Овоз )

Дар арафаи таҷлили 76-солагии Рӯзи Ғалаба ба ду тан аз собиқадорони ҶБВ дар шаҳри Исфара  туҳфаҳои идонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд супорида шуд.

Намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одилхўҷа Саидов, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода ва муовини раиси шаҳри Исфара Ҷаъфархўҷа Ҳайдарзода ба манзили иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ  Абдувалӣ Қаюмов аз Ҷамоати деҳоти Хонобод ва Иосиф Зоҳидов аз Ҷамоати деҳоти Чилгазӣ  ташриф оварда, падарони шуҷову қаҳрамонро аз номи роҳбарияти давлат ва Ҳукумат бо солгарди навбатии Рӯзи Ғалаба шодбош гуфтанд.

Зимни сўҳбати самимӣ, ки дар манзили қаҳрамонони ҷанг  сурат гирифт, таъкид гардид, ки фаъолияти  чандинсолаи ин мардони шуҷоъ, мехнаткарину матинирода  ва зиндадилу махфилоро  барои насли ҷавони ҷомеа шоистаи ибрату пайравиҳост.

Ба собиқадорони ҶБВ кӯмакпулии яквақтаи Сарвари давлат дар ҳаҷми  10 ҳазор сомонӣ ва роҳбари вилоят дар ҳаҷми  4 ҳазор сомонӣ супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Ярмаркаи ҷумҳуриявии ҷойҳои холии корӣ доир гардид

( 0 Овоз )

6 май дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ярмаркаи ҷумхуриявии ҷойҳои холии корӣ, фестивали “Атласу адрас”, намоишу фурўши ҳунарҳои мардумӣ ва молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ доир гардид, ки дар он роҳбарон ва намояндагони беш аз 50 ташкилоту мақомотро ширкат вазиданд.

Ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ бо ташаббуси ДДҲБСТ дар ҳамкорӣ бо раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, ташкилоту муассисаҳо, сохторҳои молиявӣ, корхонаҳои истеҳсолию тиҷоратӣ баргузор карда шуд.

Дар ярмаркаи ҷумхуриявии ҷойҳои холии корӣ, фестивали “Атласу адрас”, намоишу фурўши ҳунарҳои мардумӣ ва молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ  сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд Шермуҳаммад Нодирӣ, сардори Сарраёсати омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳокимбег Накҳатзода,  муовини сардори филиали №23-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар вилояти Суғд Мавзуна Раҳимӣ, муовини директори ҶСК  “Тавҳидбонк” Ашӯрбоқӣ Қурбонов, директори мудирияти банақшагирии маркетинг ва рушди тиҷоратии  ҶДММ ТАҚХ “Матин” Олимҷон Олимов, директори бахши Суғдии ҶСП “Ҳумо” Мансур Худойқулов, директори Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд Мунаввара Дадобоева ва мудири шуъбаи шуғли аҳолии шаҳри Хуҷанд Гулчеҳрахон Наҷмиддинзода иштирок намуданд.

Дар ярмарка аз ҷониби 146 корхонаву ташкилотҳо  беш аз 1800 ҷойи холии корӣ пешниҳод гардид, ки дар натиҷа 54 нафар соҳиби роҳхат шуданд. Музди маоши пешниҳодгардида аз 500 то 2000 сомониро ташкил медиҳад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Қадршиносии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

( 0 Овоз )

5 майи соли 2021 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов маросими қадрдонии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ доир гардид.

Дар чорабинӣ раиси ноҳия Қудратзода Тоҳир Толибӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Алишер Ҳикматулло, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати хадамотии давлатии муҳоҷират дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ  ширкат варзида, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро ба муносибати 76-солагии Иди Ғалаба табрик намуданд.

Инчунин ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10000 сомонӣ, аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 4000 сомонӣ ва аз ҷониби раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов 1000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд