Савдо ва хизматрасонӣ

Ҳаҷми умумии гардиши савдо дар се моҳи соли 2025 ба 4,8 млрд. сомонӣ ва суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 105,3 фоизро ташкил намудааст.

Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба 1,3 млрд. сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 105,4 фоизро ташкил намудааст.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-марти соли 2025 ба 920,4 млн. доллари ИМА расонида шуда,  суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 127 фоиз таъмин гардид.

Ҳаҷми воридот 621,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 93,7 млн. доллар зиёд шудааст.

Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 298,5 млн. долларро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 102,5 млн. доллар ё 52,3 фоиз  афзудааст.