Баҳри фароҳам овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида, дар моҳҳои январ-марти соли 2025 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 57,8 млн. доллари ИМА сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардидааст, ки нисбат ба ҳаҷми сармоягузориҳои ҷалбшуда дар ҳамин давраи соли қаблӣ 5,0 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, ба маблағи 35,8 млн. доллар сармояи хориҷӣ ва ба маблағи 22,0 млн. доллар сармояи ватанӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят равона карда шудааст.
Дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ воридоти сармояи мустақим ба маблағи 9,0 млн. доллар ва ҳаргуна сармоягузориҳо ба маблағи 26,0 млн. доллар ба ҳисоб гирифта шудааст.