Соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, ин соҳа ҳамчун захираи стратегии инкишофи зеҳнӣ ва омили муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ таҳти таваҷҷуҳи доимии давлату ҳукумат қарор дорад.
Дар соли таҳсили 2024-2025 мувофиқи маълумоти оморӣ дар вилоят 284 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 47 ьазору 74 кўдак фаъолият доранд. Илова бар ин, марказҳои инкишофи кўдакони синни томактабӣ дар назди 715 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят иборат аз 1160 гурўҳ фаъолият дошта, дар онҳо 23 ҳазору 948 кўдак таълиму тарбия мегирад. Фарогирии кўдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ якҷоя бо Маркази инкишофи кўдакони синни томактабӣ 29,5 фоизро ташкил медиҳад.
Соли таҳсили 2024-2025 дар вилоят 959 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 578 ҳазору 310 нафар, аз ҷумла 283 ҳазору 763 нафар духтарон фаъолият дорад.