
Дар деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент нахустин фермаи парвариши мурғобӣ ба фаъолият оғоз менамояд. Ин иқдом аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Мурод Ҳасанов бо мақсади рушди соҳаи чорводорӣ ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо гӯшти парҳезӣ роҳандозӣ шудааст.
Ба иттилои масъулин дар марҳилаи аввал 700 сар мурғобӣ, 10 сар қу ва зиёда аз 3000 моҳӣ парвариш карда мешавад. Бо ин мақсад дар масоҳати 2 гектар замини соҳили дарёи Зарафшон се ҳавзи муосир ташкил гардида, шароити зарурӣ барои афзоиш ва нигоҳдории паррандаву моҳӣ муҳайё шудааст.
Парвариши моҳӣ ва мурғобӣ дар шароити деҳот на танҳо ба афзоиши истеҳсоли гӯшти парҳезӣ мусоидат мекунад, балки имконият фароҳам меорад, ки аҳолии маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин шаванд.






