Одно из старейших изданий Таджикистана появилось теперь и в сети

( 0 Votes )

Нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд –рӯзномаи "Согдийская правда" сомонаи худро дар шабакаи интернет боз намуд.

Ба иттилои сармуҳаррири рӯзнома Исоқҷон Зокиров, нишонаи сомона www.sogd-pravda.tj буда, он бо мақсади дастрасии хонангдагони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.

Ба иттилои ҷаноби Зокиров дар сомонаи мазкур шакли электронии рӯзномаи  "Согдийская правда" ҷо дода мешавад ва шумораҳои пешини он дар бойгонии сомона гузошта мешавад.

Рӯзномаи "Согдийская правда" («Ленинабадская правда»-и пешин) аз моҳи марти соли 1934 инҷониб нашр мешавад. Алҳол нашрия ба теъдоли 2600 нусха чоп мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share