Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки имсол дар арафаи тантанаҳои ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, ба сокинони сарбаланди вилоят сидқан табрик гуфта, ба ҳамагон хотири ҷамъ, саломатии комил, хонаободӣ ва дастоварду муваффақиятҳои бепоён таманно менамоям.
Конститутсияи давлати куҳанбунёди тоҷикон дар айёми ниҳоят вазнини вазъи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷониби мардуми сарбаланду шарифи кишвар ҳамчун санади муқаддас, барномаи асосии фаъолияти давлат ва ҷомеа ҷонибдорӣ ва тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, ба марҳалаи нави таърихӣ ва устуворсозии пояҳои давлати мустақил заминаи боэътимод гузошт.




