Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Фарорасии ҷашни фархундаи даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон Рӯзи Ваҳдати миллиро, ки ҳамасола санаи 27-уми июн ботантана таҷлил мегардад, ба сокинони сарбаланди вилоят аз самими дил табрику таҳният мегӯям.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар тақвими миллати куҳанбунёди тоҷик ҳамчун рӯзи пирӯзӣ бар қувваҳои ҷудоихоҳ ва оғози марҳалаи нави таърихӣ таҷлил мегардад, зеро ваҳдати миллӣ хавфи пароканда шудани миллат ва аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷиконро ба таври воқеӣ пешгирӣ намуд.

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳити зист

Соли равон аз Конфронси Созмони Милали Муттаҳид, ки дар шаҳри Стокголми Шветсия баргузор гардида, ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист асос гузошт, 50 сол сипарӣ гардид.

Ба ин муносибат, фарорасии Рӯзи байналмилалии муҳити зистро барои кормандони соҳа, муҳофизону дӯстдорони табиат ва кулли мардуми сарбаланди вилоят самимона шодбош гуфта, ба ҳамагон хотирҷамъӣ, осмони софу беғубор ва дастоварду муваффақиятҳои беназир орзу менамоям.

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон

Кӯдакон сарвати муҳимтарин, ояндаи неки имрӯзу фардои миллат  мебошанд ва ғамхорӣ нисбат ба онҳо вазифаи ҳар як шахс, ҷомеа ва давлат аст. Бо назардошти чунин муҳимият дар саросари дунё рӯзи 1-уми июн ҳамчун  Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон таҷлил мегардад. Ҳамаи кӯдакони вилоятро  бо фарорасии Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон табрик  гуфта, ба ҳамагон саломативу хушбахтӣ ва хониши хубу аъло таманно  дорам.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан сӣ фисади аҳолиро кӯдакон  ташкил менамоянд ва боиси зикр аст, ки онҳо  мавриди ғамхории давлат қарор доранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд,  таъмини ҳуқуқҳои онҳо  ба ҳифзи саломатӣ, рушди солимию ҷисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад».