
Ҳамасола нуҳуми май дар қатори халқҳои дигари сулҳдӯсти сайёра дар кишвари соҳибистиқлоли мо низ санаи таърихии Рӯзи Ғалаба бар фашизм ботантана таҷлил мегардад.
Соли равон аз таърихи муборизаҳои фидокоронаи дар майдонҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ нишондодаи фарзандони кишвари азизамон Тоҷикистон 79 сол сипарӣ гардид.
Ба ин муносибат, иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат ва кулли мардуми вилоятро ба фарорасии Рӯзи Ғалаба сидқан табрик гуфта, ба хонадони мардуми Ватани маҳбубамон сулҳу оромӣ, хушбахтӣ, иқболи баланд ва рӯзгори орому осуда орзу менамоям.
Дар ин ҷанги хонумонсӯз аз кишвари мо беш аз 300 ҳазор нафар мардони далеру шуҷоъ сафарбар гардиданд, ки ин шумора 20 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ташкил медод. Аз ин рӯ, қадршиносӣ ва ба ёд овардани корномаи беназири падарони қаҳрамон, инчунин насли калонсол, занон ва наврасоне, ки дар ақибгоҳ шабонарӯз заҳмат кашида, дар таъмини афсарону сарбозон бо маводи ғизоӣ, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ саҳми арзишманди худро гузоштанд, вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст маҳсуб меёбад.



Ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе
