Ҳамасола тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 23 феврал ҳамчун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад.
Ба ин муносибат, тамоми ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар вилоят ва собиқадорони хизмати ҳарбиро бо ин санаи фархунда самимона таҳният гуфта, ба кулли ҳомиёни содиқи Ватан саломатию сарбаландӣ ва хизмати содиқона таманно менамоям.
Ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ дар қатори муваффақиятҳои дигари даврони соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон дастоварди муҳими давлатсозӣ ва таҳкими истиқлол буда, тавассути он ҳифзи тамомияти ҳудудии давлат ва сулҳу ваҳдати миллӣ имконпазир гардид.
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба садоқати хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳ чунин таъкид намудаанд: «Афсарону сарбозони далеру шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ қарзи ватандорӣ ва рисолати ватандӯстонаи худро иҷро карда, дар ҷодаи барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ба эътидол овардани вазъият дар кишвар саҳми басо арзишманд ва таърихӣ гузоштанд».