
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола санаи 18-уми август Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат, кулли табибони вилоят ва собиқадорони соҳаро бо Рӯзи кормандони соҳаи тиб сидқан шодбош гуфта, ба ҳамагон сиҳату саломатӣ, хотири ҷамъ, саодати рӯзгор ва дастоварду муваффақиятҳои беназир таманно менамоям.
Соли равон таҷлили иди касбии кормандони соҳаи тиб дар рӯзҳое доир мегардад, ки сокинони сарбаланди Ватани маҳбубамон ба таҷлили 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа омодагӣ мебинанд.
Рӯзи кормандони соҳаи тиб имсол ба 1045-солагии зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино мувофиқ омад, ки осори гаронбаҳояш ганҷи бебаҳои илм ва роҳнамои тамоми табибони олам ба ҳисоб меравад.




