Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо камоли эҳтиром ва самимияти бепоён ҳамаи Шумо, сокинони сарбаланду шарафманди вилоятро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз санаҳои муҳимми тақдирсоз дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ба шумор меравад, самимона табрику таҳният мегӯям.

Аввалин Конститутсияи давлати соҳибихтиёри мо 6 ноябри соли 1994 дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, дар таърихи давлатдории миллати тоҷик саҳифаи навро боз намуд. Ин санади олии ҳуқуқӣ, ки ифодагари иродаи халқ ва таҷассумгари орзуву ормонҳои мардуми Тоҷикистон мебошад, барои ташаккул ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот, пойдории ваҳдати миллӣ ва рушди устувори ҷомеа заминаи боэътимод гузошт. Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: “Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар мамлакат фазои орому осуда, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ таъмин шуда, барои рушди бонизом ва устувори иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа шароити мусоид муҳайё гардид”.
Воқеан ҳам, Конститутсия ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ, баробарии шаҳрвандон дар назди қонун ва фароҳам овардани шароити мусоидро барои зиндагии шоиста кафолат дода, роҳи пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварро муайян намуд.
Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мақому мавқеи шоиста дошта, дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум қадамҳои устувор мегузорад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари муайян намудани сохтори давлатдорӣ, муносибатҳои ҷамъиятӣ ва принсипҳои асосии фаъолияти мақомоти давлатӣ, инчунин барои иштироки фаъоли шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар имкониятҳои васеъ фароҳам овардааст. Тағйиру иловаҳое, ки солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба Конститутсия ворид гардидаанд, ба такмили низоми ҳуқуқӣ, таҳкими равандҳои демократӣ ва мутобиқ намудани меъёрҳои конститутсионӣ ба талаботи рушди ҷомеа мусоидат намудаанд.
Имрӯз, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо равандҳои мураккаби сиёсиву иқтисодӣ ва таҳдиду хатарҳои гуногун рӯ ба рӯ мебошад, эҳтиром ба Конститутсия, риояи қонунҳо ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аҳаммияти хосса касб мекунад.
Дар ин замина, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, эҳтиром ба қонун, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ ва садоқат ба Ватан аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми ҷомеа ба ҳисоб меравад. Зеро танҳо дар ҷомеае, ки қонун волоият дорад ва ҳуқуқу озодиҳои инсон эҳтиром карда мешаванд, сулҳу субот, адолат ва рушди устувор таъмин мегардад.
Мо, сокинони вилоят, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, бояд бо заҳмати содиқона, ташаббусҳои созанда ва иштироки фаъолона дар корҳои ободониву бунёдкорӣ барои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят ва сарсабзиву шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми муносиб гузорем. Боварии комил дорам, ки бо иттиҳоду ҳамбастагӣ, эҳтироми арзишҳои конститутсионӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар роҳи татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум ба дастовардҳои боз ҳам назаррас ноил хоҳем гардид.
Бори дигар ҳамаи Шумо, ҳамдиёрони гиромиро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини Ватани маҳбубамон файзу баракат, хушбахтиву саодат, саломатӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!