Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи дониш

Дар ин лаҳзаҳои хотирмону фараҳбахш тамоми хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон, собиқадорони соҳа ва аҳли илму маорифи вилоятро бо фарорасии Рӯзи дониш ва оғози соли хониши нав самимона табрик мегӯям.

Дар даврони истиқлоли давлатӣ дар оғози соли таҳсил таҷлил намудани Рӯзи дониш дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти низоми маорифи кишвар ба анъанаи неки умумимиллӣ табдил ёфтааст. Зеро якуми сентябри ҳар сол садҳо ҳазор кӯдакони хушбахти замони истиқлол дар фазои сулҳу субот аввалин маротиба ба остони муассисаҳои таълимӣ қадам мегузоранд ва ба омӯзиши саводу дониш, одобу ахлоқ ва илму маърифат оғоз менамоянд.
Боиси ифтихор аст, ки дар сиёсати дурнигарона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ҷойгоҳи хоса дорад. Пешвои муаззами миллат дар Паёми солонаи худ, дар ин бора, чунин таъкид намуданд: «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад. Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳиму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам».
Қобили зикр аст, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмон, таъмир ва азнавсозии ҳазорон иншооти соҳаи маориф анҷом ёфт, ки ин ҳама пешрафту ободӣ ва ғамхориҳо дар ҳаққи наслҳои наврасу ҷавон самараи истиқлолу озодии давлат, сулҳу оромӣ ва азму иродаи созандаи сокинони вилоят мебошад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки рушду тараққиёти ҳар як давлату миллат аз маориф оғоз меёбад, зеро пешрафт ва таъмини амнияти ҷомеа ва давлат, татбиқи дастовардҳои техника ва технологияи муосир бевосита ба рушди соҳаи маориф, ташкили раванди бонизому босифати таълиму тарбияи хонандагону донишҷӯён ва дар маҷмуъ, ба сатҳи саводи миллат вобаста мебошад.
Итминони комил дорам, ки устодону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбии вилоят минбаъд низ бо дарки аҳамияти илму дониш дар камолоти инсонӣ дар рушди шукуфоии кишвари азизамон Тоҷикистон саҳми арзишманд мегузоранд.
Бори дигар, устодону омӯзгорон, собиқадорони соҳаи маориф ва донишҷӯёну хонандагонро ба ифтихори Рӯзи дониш ва ҷашни муқаддаси 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният мегӯям.
Таманно менамоям, ки ғояи истиқлол, хадафҳои наҷиби созандагӣ, омӯзиши дониши замонавӣ ва касбу ихтисосҳои муосир ҳамеша ҳидоятгар ва раҳнамои ҳар яки Шумо ба хотири ободии Ватан ва сарзамини маҳбубамон боқӣ мемонад.
Рӯзи дониш муборак бошад, устодону донишҷӯён ва хонандагони азиз!