Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила

Ба ифтихори фарорасии Рӯзи байналмилалии оила, ки ҳамасола 15-уми май дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад, тамоми сокинони шарафманди вилоятро самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонавода тандурустӣ, хушбахтӣ, хотирҷамъӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.

Оила мактаби аввалини тарбия, сарчашмаи меҳру муҳаббат, манбаи арзишҳои маънавӣ ва сутуни устувори миллат эътироф шудааст, зеро маҳз дар оила шахсият ташаккул меёбад, фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсондустӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия мегиранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намудаанд: «Оила рукни асосии ҷомеа, ниҳоди муқаддас ва беҳтарин мактаби ахлоқу маърифат ба ҳисоб меравад. Дар оила асосҳои тарбияи ахлоқӣ ва ҷисмонии шахс гузошта мешаванд, арзишҳои фарҳангӣ ва суннатҳои миллӣ аз насл ба насл мегузаранд».
Боиси таъкид аст, ки дар фарҳанги волои халқи мо иззату эҳтироми падару модар, меҳру шафқат ба фарзанд, вафодорӣ ба ҳамсару хонавода аз ҷумлаи арзишҳои муқаддас маҳсуб меёбад. Маҳз ҳамин анъанаҳои неки ниёгон имрӯз ҳам омили муҳими субот ва ваҳдати ҷомеа мебошанд.
Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат барои таҳкими пояҳои маънавии оила, тарбияи насли солиму бомаърифат, пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак саъю талоши бештар намоем, зеро ояндаи давлату миллат ба оилаи солим ва фарзандони бомаърифат вобаста мебошад.
Бовар дорам, ки мардуми шарифи вилояти Суғд дар соли барои халқу миллат таърихии ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо муттаҳидию ҳамдигарфаҳмӣ, бо меҳнати созанда ва тарбияи шоистаи насли наврас суннатҳои неки оиладорӣ, эҳтиром, сабру таҳаммул ва садоқату вафодориро ҳифз намуда, пояҳои давлатдории миллиамонро боз ҳам мустаҳкамтар хоҳанд намуд.
Бори дигар, Рӯзи байналмилалии оиларо табрик гуфта, ба ҳамагон саломатӣ, хонаи обод, рӯзгори осуда, меҳру садоқат ва хушбахтии абадӣ орзумандам.
Бигзор, дар хонадони ҳар яки мову Шумо ҳамеша сулҳу оромӣ, файзу баракат ва шодию нишот ҳукмфармо бошад.
Рӯзи оила муборак, ҳамватанони азиз!