Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сокинони сарбаланди вилоятро ба ифтихори Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи ватандорӣ, нангу номус, худшиносиву худогоҳӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, аз сидқи дил табрику муборакбод мегӯям. 

Парчамдорӣ ҷузъи муҳими фарҳанги давлатдории халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, Парчами давлатӣ баёнгари мавҷудияти миллат ва давлат, соҳиби тамаддун ва таърихи бостонӣ будани миллати мост.

Махсусан, дар даврони нави таърихӣ Парчами давлатии мо ба рамзи ҳастии миллат, садоқат ба арзишҳои муқаддаси Ватану ватандорӣ, ҳимояи марзу буми он ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат мубаддал гардидааст.

Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «Парчами давлатӣ дар раванди бунёди давлатдории навин нишонаи возеҳи соҳибдавлатии миллат, мояи ифтихори шаҳрвандон ва омили муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии мардум ба хотири ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва илҳомбахши ҳар як фарди ҷомеа барои заҳмати содиқона ба хотири фардои ободу осуда мебошад».

Дар даврони истиқлоли давлатӣ мо сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти раҳнамоиҳои дурандешона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ва зери парафшонии Парчами давлатӣ бо эътимоди қавӣ ва қадамҳои устувор ба сӯйи музаффариятҳо пеш рафта истодаем.

Боиси зикр аст, ки дар рӯзҳои таҷлили Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солгарди Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар арафаи ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари кории навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят сурат гирифта, ба мардуми мо як ҷаҳон шодию нишот бахшид. Дар ҷараёни ин сафар дар вилоят чандин иншооти муҳим ифтитоҳ гардида, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят парчамҳои давлатӣ ҳамчун омили иттиҳоду сарҷамъии сокинони Ватани маҳбубамон парафшон гардиданд. Маҳз дар даврони истиқлоли давлатии Тоҷикистон Парчами давлатиамон дар баробари парчамҳои давлатии кишварҳои мухталифи дунё дар созмонҳои бузурги байналмилалӣ парафшон гардида, ҳувияти миллӣ ва мавҷудияти халқи куҳанбунёдамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

Имрӯз сокинони кишвари азизамон аз он ифтихор доранд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони маҳбуби моро дар арсаи байналмилалӣ таҳти парафшонии Парчами давлатӣ ҳамчун кишвари соҳибибтикор, сулҳдӯст ва пешбари ташаббусҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд. Аз ин лиҳоз, яке аз вазифаҳои пуршараф ва қарзи виҷдониву инсонии мо он аст, ки дар баробари дигар муқаддасоти миллӣ ба Парчами давлатӣ эҳтиром гузорем ва аз он ифтихор намоем.  

Бори дигар, Рӯзи Парчами давлатиро ба Шумо мардуми шарафманди вилоят таҳният гуфта, орзуманди онам, ки Парчами давлатии кишвари маҳбубамон ҳамчун нишонаи  пойдории сулҳу субот, соҳибихтиёрӣ ва пешрафту шукуфоии давлату миллатамон ҷовидон парафшон бошад!

Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!