Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон

Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамасола моҳи август таҷлил мегардад. Имсол иди касбии сохтмончиён ба рўзҳое рост омад, ки сокинони вилояти Суғд, аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳоми тоза гирифта, барои бо армуғонҳои шоёни меҳнатӣ истиқбол гирифтани солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон азму талош доранд. 

Ба ин муносибат ҳамаи шумо, бинокорони гулдаст, собиқадорони соҳа, кулли кормандони идораю ташкилотҳои сохтмон, лоиҳакашон, пудратчиён ва нафароне, ки дар қомат афрохтани иншооти ҳаётан муҳим иштирок мекунанд, табрику муборакбод гуфта, тани сиҳату хотири ҷамъ, сарбаландӣ ва муваффақиятҳои беназир таманно менамоям. Боиси таъкид аст, ки бинокорони вилоят дар рушди ҷомеаи мутамаддин, бунёди иншооти ҳаётан муҳим ва ободу зебо гардонидани Тоҷикистони биҳиштосо аҳлона меҳнат карда, барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат кору фаъолият менамоянд. 

Маҳз заҳмати зарбод лоиҳакашону сохтмончиён буд, ки кишвари маҳбубамон Тоҷикистон ва аз ҷумла вилояти Суғд дар даврони истиқлоли давлатӣ торафт ободу зебо гардида, корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ вусъати тоза гирифтаанд.     

Бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соли равон барои боз ҳам ободу зебо гардонидани диёр даҳҳо иншоот сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд. Аз ҷумла, дар шаш моҳи гузашта аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи зиёда аз 521652,5 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода, маблағгузории капиталӣ бошад, зиёда аз 1349838,0 ҳазор сомонӣ аз худ карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2024-ум ба 104,0 фоиз баробар аст.   

Итминони комил дорам, ки сохтмончиёни вилоят аз уҳдаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлату миллат бо сарбаландӣ баромада, ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон саҳми муносиб мегузоранд. 

Бори дигар ҳамаи шумо, бунёдгарону ободкорони Ватанро бо Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон таҳният гуфта, бароятон рӯзгори хушу дастархони обод таманно дорам.

Ҳамеша сарбаланду пирӯз бошед!