
Сокинони сарбаланди вилоятро бо санаи сарнавиштсоз ва мубораку таърихии 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки нишони равшани эҳтиром ва арҷгузории мардуми шарифи Тоҷикистон ба сулҳу субот, оромию осоиштагӣ ва иттиҳоду сарҷамъӣ мебошад, сидқан шодбош мегӯям.
Рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар саҳифаҳои таърихи навини кишвари азизамон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст, зеро дар ин рӯз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида, аз поён ёфтани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва оғози ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати мардуми Ватани маҳбубамон башорат дод. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин Созишномаро барои халқи Тоҷикистон «пайки шодӣ, паёми оромӣ ва номаи иқболу саодат” арзёбӣ намуда, дар мавриди арзишу аҳамияти ваҳдати миллӣ чунин таъкид месозанд: “Ваҳдати миллии тоҷикон ганҷи бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққати зиёд ва гузашта аз он, дар натиҷаи ҷонбозию қурбониҳои ҳазорон нафар фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст. Аз ин рў, мо вазифадорем, ки барои татбиқи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва пойдории он талош карда, бо мақсади эҳёву пойдории арзишҳои миллӣ ва тавсеаи тафаккури давлатдории миллиамон, ки асоси пешрафти Тоҷикистони азиз мебошад, сарҷамъона кору фаъолият намоем”.
Боиси таъкид аст, ки таъмини сулҳу субот ва сарҷамъ намудани миллат дар кишвар кори осон набуд ва мо ба ин рӯзи муборак маҳз бо саъю талошҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муттаҳидии сокинони сарбаланди Ватани маҳбуб соҳиб гардидем.
Ба даст омадани ваҳдати миллӣ марҳалаи нави давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад, зеро ин падидаи таърихӣ хатари пароканда гардидани миллат ва аз байн рафтани давлати тоҷиконро пешгирӣ намуда, роҳро барои барқарорсозии иқтисодиёти харобгардида ва таъмин намудани рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодӣ ҳамвор сохт. Дар муддати на чандон тӯлонии таърихӣ дар кишвар пешравиҳои зиёд ба амал омада, шароити сокинон сол ба сол беҳтару хубтар гардид ва имкониятҳои мусоиди зиндагӣ фароҳам оварда шуд.
Боиси ифтихор аст, ки аз ҷониби кишварҳои гуногуни дунё ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун таҷрибаи камназири ҳалли мухолифатҳо эътироф гардида, мавриди омӯзиш, тарғиб ва баҳрабардориҳо қарор гирифтааст. Махсусан, дар шароити имрӯзаи авҷ гирифтани ихтилофу кашмакашҳои сиёсии байни кишварҳои гуногуни олам дарки мафҳуми ваҳдат, волоияти манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи якпорчагии давлат арзиши бештар пайдо намуда, моро вазифадор менамояд, ки дар таҳкими ваҳдати миллӣ, иттиҳоду ҳамбастагӣ, гиромидошти арзишҳои волои давлатдорӣ ва муаррифии Тоҷикистони азизамон дар арсаи байналмилалӣ саъю талош намоем.
Итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланди вилоят бо эҳсоси гарми ватандўстӣ ва худшиносию худогоҳӣ минбаъд низ ливои истиқлолу озодӣ ва ваҳдату созандагиро баланд бардошта, дар рушду шукуфоии Ватани маҳбубамон саҳми арзандаи хешро мегузоранд.
Рўзи Ваҳдати миллӣ муборак бошад!




