Фарорасии Соли нави мелодии 2025-умро ба сокинони сарбаланди вилоят сидқан табрику таҳният гуфта, сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ ва дар амалӣ намудани орзуву ниятҳои неку созанда дастоварду муваффақиятҳои беназир таманно менамоям.
Боиси ифтихор аст, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 дар китоби таърихи миллат ҳамчун соли бобарору хотирмон сабт гардид.
Дар сатҳи баланди сиёсӣ таҷлил гардидани 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санаи тақдирсози таърихи миллат – 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рукнҳои давлатдории навини тоҷиконро асос гузошта, барои ноил гардидан ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, комёбиҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаккули озодонаи шахс заминаи қавӣ ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт, маҳз дар ҳамин соли таърихӣ амалӣ гардиданд.
Дастуру раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат, ки дар зимни сафарҳои корӣ ба вилояти Суғд ва мулоқот бо сокинони он баён намуданд, дар баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, таҳкими ваҳдату ҳамдилии сокинон ва густариши бунёдкорию созандагӣ дар вилоят мусоидат намуданд.
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шавад. Ин тадбир ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ, дар истеҳсолот васеъ истифода кардани технологияҳои рақамӣ, пайванди инноватсия бо истеҳсолот ва пешрафти иқтисодии Ватани маҳбубамон нақши муассир мегузорад.
Гузашта аз ин, бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Пешвои муаззами миллат супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, кормандони муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ ва стипендияҳо 20 фоиз, музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз, нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд карда шуда, ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Дастгириҳои пайваста ва ғамхориҳои давлату Ҳукумат таҳти сиёсати дурбинонаи Пешвои муаззами миллат моро вазифадор мекунад, ки ба хотири пешрафти давлати соҳибистиқлоламон доимо сарҷамъу муттаҳид бошем ва бо ҳисси баланди миллӣ барои иттиҳоду сарҷамъӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саъю талош намоем.
Боварии комил дорам, ки сокинони вилоят дар Соли нави мелодии 2025 таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи баланди омодагӣ баргузор гардидани чорабиниҳои бузурги сиёсию давлатӣ ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон талош намуда, барои ободу зебо ва пешрафта гардидани Ватани маҳбубамон нақши арзанда хоҳанд гузошт.
Бо чунин ниятҳои нек, бори дигар фарорасии Соли нави мелодии 2025-умро ба сокинони шарафманди вилоят табрику таҳният мегӯям.
Бигзор, Соли нав соли иқболу зафар, соли пешрафту шукуфоӣ ва амалӣ гардидани орзуҳои неку бунёдкоронаи ҳар як шаҳрванди Ватани маҳбубамон бошад.
Соли нави мелодӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!