Ҳамасола дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” санаи 7 декабр рӯзи кормандони мақомоти молия ҷашн гирифта мешавад. Ба муносибати иди касбӣ ҳамаи кормандон ва собиқадорони соҳаро шодбош мегўям.
Боиси таъкид аст, ки фаъолияти кормандони мақомоти молия дар омода намудан ва таъмини иҷрои буҷети давлатӣ, танзими истифодаи босамар ва мақсадноки маблағҳои буҷети давлатию маҳаллӣ ва идоракунии низоми молиявӣ назаррас буда, вазифаи хизматиашонро сарбаландона иҷро мекунанд ва дар пешрафти хоҷагии халқ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии бошандагони кишвар нақши бориз мегузоранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон зикр намудаанд, ки “Пешбурди оқилонаи сиёсати молиявӣ ва муътадилии он дар ҳама давру замонҳо омили асосии устувории давлат мебошад”. Аз ин рӯ, кормандони мақомоти молия дар вилоят барои таъмини рушди иқтисодиёт, болоравии соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва ғанӣ гардондани буҷети давлатӣ тадбирҳои судманд меандешанд ва ҷиҳати амалӣ гардонидани ин тадбир нақши муҳим мегузоранд.
Алҳол кишвари тозаистиқлоламон ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинад. Дар ин радиф, дар қаламрави вилоят ба ифтихори ин иди умумихалқӣ бунёд, таъмиру таҷдид ва азнавсозии беш аз 12000 иншоот ба нақша гирифта шуда, садҳо иншоот, аз қабили бинои муассисаҳои таҳсилоти умумию томактабӣ, маркази саломативу беморхона, боғҳои истироҳату майдончаҳои варзишӣ, ободонии роҳу кӯчаҳо, вусъати корҳои ободонӣ, сарсабзу хуррам гардонидани макони зист ва иншооти ҳаётан муҳим аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ қомат меафрозанд, ки ба пешрафти сиёсати молиявии давлат робитаи мустаҳкам доранд.
Бовар дорам, ки кормандони мақомоти молия тамоми дониш, малака ва истеъдоди фитрии хешро дар фаъолияти босамар баҳри афзоиши буҷети давлатӣ, зиёд кардани даромадҳои аҳолӣ ва пешбурди сиёсати молиявии давлат равона менамоянд.
Бори дигар, кормандони Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, собиқадорони соҳа ва кулли алоқамандони мақомоти молияро бо иди касбӣ табрику таҳният гуфта, барояшон сиҳатии комил, саодати рӯзгор ва дар иҷрои вазифаҳои пурмасъули хизматӣ комёбиҳо орзу менамоям.
Рӯзи кормандони мақомоти молия муборак, дӯстони иззатманд!