Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сокинони сарбаланди вилоятро бо фарорасии Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сидқи дил табрику таҳният гуфта, тансиҳативу хотирҷамъӣ ва дар амалӣ намудани ҳадафҳои бузурги созанда муваффақиятҳои бепоён орзу менамоям.  

Хеле рамзист, ки таҷлили ин санаи фархунда бо оғози баргузории Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон мувофиқ омадааст. Зеро ин Иҷлосияи таърихӣ Сарвари кишвари азизамонро ба арсаи сиёсат овард, ки минбаъд сулҳу субот ва ваҳдати миллиро барои мардуми кишвар ҳадя намуданд, Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшида, дар муддати кӯтоҳи таърихӣ онро ба кишвари пешрафтаву ободу озод табдил доданд. 

Аз ин лиҳоз, хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раҳбар ва илҳомбахши зафару комёбиҳо дар таърихи навини халқи тоҷик, дар ташаккул ва таҳаввули давлатдории миллӣ ва бақои имрӯзу фардои Тоҷикистон, дар эҳё намудани арзишҳои волои фарҳанги ниёгон ва барои дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани миллати тоҷик дар саҳифаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд гардид.

Мардуми шарифи кишвари азизамон аз он ифтихор менамоянд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори маъруфи сатҳи байналмилалӣ ҳамкориро бо кишварҳои мухталифи олам ба роҳ монда, дар ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра саҳми арзишманд мегузоранд.  

Дар ин бора, бамаврид аст, ки андешаи Президенти Федератсияи Россия Владимир Путинро дар мавриди мақоми ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намоем, ки гуфта буд: “Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷастаи ҷаҳонӣ буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате дида намешавад”.

Воқеан ҳам, имрӯз мардуми Тоҷикистон дар симои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кафили устувори сулҳу субот ва сарвари ҳақиқии худро шинохта, дар роҳи рушду такомул ба сӯйи ояндаи дурахшон дилпурона қадам мегузоранд. 

Моро зарур аст, ки дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, бо дарки аҳаммияти истиқлолу озодӣ ба масъалаи баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳии аҳли ҷомеа, ватандўсту ватанпарвар тарбият ёфтани насли ҷавони ояндасоз таваҷҷуҳ намуда, баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии Ватани маҳбубамон ва ба кишвари пешрафтаи ҷаҳон табдил додани он ҷидду ҷаҳд намоем. Ҳамчун фарзандони содиқи Ватан сарҷамъона Тоҷикистони соҳибистиқлолро боз ҳам ободу пешрафта гардонем ва барои тақвият ёфтани нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ талош намоем. 

Дар ин рўзи фирўз, бори дигар кулли сокинони вилоятро бо Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳамагон бахту иқболи бардавом ва рўзгори хушу хуррам орзу менамоям. 

Таманно мекунем, ки Пешвои муаззами миллат ҳамеша саломату сарбаланд ва роҳнамои миллати шарафманди тоҷик бошанд.

Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

 

Бо эҳтиром,

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода