Дар ҷумҳурии соҳибистиқлоламон ҳамасола 14 октябр ҳамчун Рўзи соҳибкорон таҷлил мегардад, ки ин боиси шарафмандии соҳибкорон мебошад. Ба ин муносибат соҳибкорони вилоятро самимона таҳният гуфта, ба ҳамагон саломатии бардавом, саодати рўзгор ва тавфиқу сарбаландӣ таманно менамоям.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки «Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, барои сармоягузорӣ ҷолиб гардонидани иқтисодиёти кишвар ва ба содирот нигаронидани он пайваста чораҷўйӣ менамояд».
Дастгириҳои доимии давлат имкон доданд, ки имрўз ҳиссаи бахши хусусӣ дар маҷмўи маҳсулоти дохилии кишвар то 70 фоиз зиёд гардида, 80 фоизи аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ фаъолро фаро мегирад.
Воқеан ҳам саҳми соҳибкорони бонангу номуси ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилояти Суғд дар пешбурди соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат шоиста арзёбӣ мегардад ва таҳлили натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят аз он башорат медиҳад, ки маҳз тавассути азму талошҳои шоистаи соҳибкорони ватандўст ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолӣ марҳила ба марҳила афзуда, дастовардҳо афзун мегарданд.
Дар маҷмўъ, саҳми соҳибкорони бонангу номуси вилоят дар амалӣ шудани иқдому ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд назаррас буда, онҳо бо дарки масъулият дар таҳкими иқтидори иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тадбирҳои амиқро роҳандозӣ менамоянд.
Эътимоду боварии комил дорам, ки Шумо - соҳибкорон дар доираи таҷлил ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавобан ба ғамхориву дастгириҳои давлатӣ кўшиши худро барои васеъ намудани фаъолияти истеҳсоливу хизматрасонӣ, қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилӣ ва афзоиши ҳаҷми содироти молу маҳсулот, таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ ва боз ҳам ободу зебо гардонидани кишвари азизамон равона менамоед.
Дар амалӣ гардидани ин ҳадафҳои наҷиб ва созанда ба ҳар яки Шумо – соҳибкорони азиз барору бурдборӣ, дастовардҳои шоиста ва хушиҳои зиндагиро таманно менамоям.
Рўзи соҳибкорон муборак!
Саодатманду сарбаланд бошед!