Фарорасии Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки рамзи ҳастии миллат ва нишонаи муҳимтарини давлатдории миллии тоҷикон ба ҳисоб меравад, ба мардуми шарафманди вилоят сидқан таҳният мегӯям.
Боиси ифтихор аст, ки забони тоҷикӣ яке аз қадимтарин забонҳои дунё ба ҳисоб рафта, бо ин забон донишмандону бузургони илму адаб осори оламшумул офарида, дар ғановати ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашарӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: "Бо забони тоҷикӣ, ки аз ҷумлаи қадимтарин ва гуворотарину забонҳои дунё ба ҳисоб меравад, таърихи бостонӣ ва фарҳангу тамаддуни камназири миллате иншо гардидааст, ки ба ҷаҳони аз ҳикмати зиндагӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ сабақҳои мондагору омӯзанда додааст ва ин рисолати хешро то имрӯз идома дода истодааст".
Боиси таъкид аст, ки даврони истиқлоли давлатӣ таҳти сиёсати дурандешона ва маънавиятбунёди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол ба масъалаи эҳтирому гиромидошти воқеии забони давлатӣ, таъмин намудани мақому ҷойгоҳи арзанда ва рушди минбаъдаи он аҳамияти махсус зоҳир гардид. Дар натиҷаи пайваста амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар самти рушди забон арзишҳои забонӣ ва неруи воқеии он дар ҷомеа вусъати бесобиқа пайдо карда, забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлати тоҷикон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ садо дод. Дар ҳақиқат, маҳз забони ширину шевои тоҷикӣ дар муддати ҳазорсолаҳо миллати моро сарҷамъу муттаҳид карда, ба даврони босаодати имрӯза расонидааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати дар амал татбиқ намудани яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлат ва Ҳукумат, иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат вобаста ба амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030" тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Зеро донистану дар амал татбиқ намудани меъёрҳои забони модарӣ нишонаи эҳтиром ба миллат, Модар-Ватан, давлати соҳибихтиёр ва ифтихори милливу ватандорӣ ба ҳисоб меравад.
Мо бояд забони модариамонро дар қатори таърих, фарҳанг ва тамаддуни миллӣ чун модари хеш дӯст дорем, онро эҳтиёт кунем, барои поку беолоиш нигоҳ доштани он талош намоем ва дар таҳкими мақому манзалати он ҳамчун забони давлатӣ саҳм гузорем.
Рӯзи забони давлатӣ муборак!