Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Соли нави мелодии 2024

Сокинони шарафманди вилоятро бо фарорасии Соли нави мелодии 2024 табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ ва барори кору муваффақиятҳо таманно дорам.

Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати сиёсати дурандешона, бунёдкорона ва иқдому ташаббусҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2023 дар саҳифаҳои  таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардид.

Дар ин соли таърихӣ таҳти раҳнамоиҳои Пешвои муаззами  миллат ва ҳамдиливу муттаҳидии мардуми Ватани маҳбубамон 32-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ботантана ва бо шукргузорӣ аз давлати соҳибихтиёрамон таҷлил гардид.

Дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта шудани 115-солагии яке аз чеҳраҳои барҷастаи давраи навтарини таърихи миллати тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон аллома Бобоҷон Ғафуров ҳамчун мактаби бузурги тарбияи худогоҳиву худшиносии таърихӣ ва ифтихори миллӣ дар байни аҳли ҷомеа нақши арзанда гузошт.

Иштирок ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши якуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ ва ҷаласаи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид имконияти бештари таҳкими мақому ҷойгоҳи кишвари азизамонро дар арсаи байналмилалӣ  фароҳам оварданд.

Чунонки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат 28 декабри соли 2023 таъкид намуданд, новобаста аз вазъи мураккаби ҷаҳони муосир соли 2023 барои мардуми Тоҷикистон соли бобарор буд. Дар ин соли таърихӣ 15 ёдгории таърихию фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид, ки ҷиҳати муаррифии фарҳанги бостонии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти калон дорад.

Боиси хушнудист, ки ба хотири таъмини некўаҳволии мардуми кишвар аз 1 январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз ва аз 1 июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавии меҳнатӣ,  инчунин иловапулии онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм,  фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ,  инчунин стипендияҳо 40 фоиз зиёд мегардад, ки аз таваҷҷуҳ ва ғамхории пайвастаи давлату Ҳукумати кишвар гувоҳӣ медиҳад.

Итминони комил дорем, ки сокинони шарафманди вилоят дар партави ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии дурандешонаи Пешвои муаззами миллат дар соли 2024 Тоҷикистони соҳибистиқлолро боз ҳам ободу зебо намуда, ба дастоварду комёбиҳои бештар мушарраф хоҳанд гардид.

Бо чунин ниятҳои нек, бори дигар фарорасии Соли нави мелодии 2024-умро ба кулли сокинони вилоят табрику муборакбод менамоям.

Бигзор, Соли нав соли дастоварду музаффариятҳо, соли рушду шукуфоии кишвари азизамон ва амалӣ гардидани орзуҳои созандаву бунёдкоронаи ҳар як сокини Ватани маҳбубамон бошад.

Соли нави мелодӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!