ПАЁМИ ШОДБОДИИ Раиси вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи энергетика

Ҳамасола 22-юми декабр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи  энергетикҳо таҷлил мегардад. Ба ин муносибат ҳамаи кормандони соҳаро табрику таҳният менамоям.

Соҳаи электроэнергетикаи кишвари мо, ки дар асоси захираҳои пуриқтидори обии ҷумҳурӣ бунёд шудааст, рукни муҳими ҳаёт ва иқтисодиёт мебошад. Тараққиёти хоҷагии халқ ва беҳбудии рӯзгори мардуми вилояту ҷумҳурӣ аз пешравии ин соҳа вобастагии калон доранд.

Ҳадафи муҳими имсола, дар фаслҳои тирамоҳу зимистон таъмини бефосилаи аҳолӣ ва соҳаҳои хоҷагии халқ бо нерӯи барқ қадами қатъӣ ба сӯи истиқлолияти энергетикии мамлакат ба ҳисоб рафта, аз амалӣ гардидани сиёсати бобарори энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  шаҳодат медиҳад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ ва махсусан, солҳои охир дар соҳаи энергетикаи кишвар таҳаввулоту дигаргуниҳои зиёд ба амал омаданд. Пеш аз ҳама, дар натиҷаи таваҷҷуҳи хоса ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда – 1», «Сангтӯда – 2», маркази дуюми барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, ду агрегати Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва якчанд нерӯгоҳи хурди барқи обӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Дар ин давра мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», ду агрегати Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ва таҷдиду тармими як қатор иншооти бузурги энергетикии дорои аҳамияти стратегӣ барои расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар мусоидат намуданд.

Имрӯзҳо таҷдиди Нерӯгоҳи барқи обии «Қайроққум» бо маблаѓи умумии наздик 200 млн. доллари ИМА бомаром идома дошта, дар назар аст, ки баъди итмоми корҳои нақшавӣ иқтидори нерӯгоҳ аз 126 МВт то ба 174 МВт расонида мешавад, ки истеҳсоли миёнаи нерӯи барқ 38 фоиз меафзояд ва мӯҳлати истифодабарии таҷҳизот меафзояд.

Ин ташаббусҳо имкон медиҳад, ки мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон аз рӯйи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи истеҳсоли нерӯи барқ чанд зина боло равад.

Бо боварии  комил метавон гуфт, ки  амалӣ гардидани ин лоиҳаҳо, ки татбиқи ҳадафҳои  стратегии  мамлакат дар соҳаи  энергетикаи вилоят мебошад, аз кормандони соҳа вобастагии калон дорад. 

Дар ин  радиф, ба Шумо, энергетикҳои вилоят, саломатии бардавом, барору комёбӣ ва дастовардҳои фараҳбахши меҳнатиро таманно менамоям.