Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи геологҳо

Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 9 декабр ҳамчун Рӯзи геологҳо таҷлил карда мешавад. Аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят кулли кормадон ва собиқадорони соҳаро бо фарорасии иди касбишон табрику таҳният менамоям.

Боиси хурсандист, ки  ин санаи муҳимро  кормандони соҳаи геологияи вилоят бо натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ истиқбол мегиранд.

Дар замони муосир пешрафти соҳаҳои иқтисодиро бидуни рушди соҳаи геология тасаввур кардан ғайриимкон аст. Зеро дар истифодаи захираҳои мавҷуда сароғоз кашшофони қаъри замин нақши муассир доранд. Сарзамини мо бо сарватҳои табиӣ шӯҳрат дошт ва мардум онҳоро барои пешрафти кишвар ва беҳдошти зиндагӣ истифода мебурд.

Дар замони Истиқлоли давлатии кишвари азизамон геология ба яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ табдил ёфт. Давлат ва  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди ин соҳаро чун самти афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ муаррифӣ намуда, ҷиҳати пешрафт ва рушду нумӯи он чораҳои заруриро меандешанд.

Дар ин замина геологҳо баҳри  ҷустуҷӯю дарёфти конҳои нав, истихроҷ ва коркарди ашё, ки барои истеҳсоли нуриҳои минераливу масолеҳи сохтмон хеле заруранд, фаъолияти самарабахш бурда, ҳамзамон дар обёрӣ ва беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳо саҳми арзанда мегузоранд.
Боиси қаноатмандист, ки имрӯзҳо дар ноҳияҳои Бобоҷон  Ғафуров, Айнӣ, Ашт, Мастчоҳ ва шаҳрҳои Гулистон, Конибодом ва Истиқлол корҳои ҷустуҷӯиву геологӣ идома ёфта, дар дигар мавзеъҳо барои дарёфти захираҳои иловагии маъданҳо амалиёти муайянкунӣ, баҳодиҳӣ ва ҷустуҷӯӣ ҷараён мегирад.

Натиҷаи фаъолияти геологҳо мебошад, ки имрӯз дар  ҳудуди вилоят корхонаҳои калонтарин ба истеҳсоли тилло, нуқра, сурма, сурб, нафту газ ва масолеҳи бинокорӣ машғул мебошанд ва бунёди корхонаҳои нави соҳа идома дорад.

Итминони комил дорам, ки геологҳои вилоят анъанаҳои кашшофонро таҳким бахшида, барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми назаррас мегузоранд.

Бо чунин таманнои нек ба кормандони соҳаи геологияи вилоят хонаи обод, рӯзгори пурфайзу баракот ва саломативу барори кор таманно дорам.