Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти молия

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамасола 7-уми декабр Рӯзи кормандони мақомоти молия таҷлил карда мешавад. Ба ифтихори ин санаи фархунда кулли кормандони Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, сохторҳои маҳаллии он, собиқадорони соҳа ва алоқамандони мақомоти молияро бо иди касбиашон табрику муборакбод мегӯям ва ба ҳамагон тансиҳативу хотирҷамъӣ, дастовардҳои беназири меҳнатиро орзу менамоям.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд: “Барои нигоҳ доштани рушди босуботи иқтисодӣ, таъмин намудани устувории молияи давлат, афзоиши даромад ва баланд бардоштани самаранокии буҷет заминаи зарурии қонунгузорӣ фароҳам оварда шуда, корҳо дар самти мукаммал гардонидани низоми миллии молия ва андоз идома доранд”.

Боиси қайд аст, ки кормандони мақомоти молияи вилоят вазифаи хизматиашонро бо сарбаландӣ ба иҷро расонда, дар пешрафти хоҷагии халқ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон саҳми назаррас мегузоранд. Дар натиҷаи тадбирҳои андешида пешбурди сиёсати молиявӣ ва ҷалби захираҳои истифоданашуда имконият фароҳам овард, ки иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети умумӣ ва маҳаллии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли равон пурраву барзиёд таъмин гардида, корҳои ободониву созандагӣ дар вилоят вусъати тоза пайдо намоянд ва даҳҳо иншооти муҳими соҳаҳои нигаҳдории тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, варзиш ва фарҳанг қомат афрозанд.

Боиси таъкид аст, ки вазифаҳои асосии кормандони мақомоти молия, пеш аз ҳама, таҳким бахшидан ба ҷараёни татбиқи сиёсати буҷету андоз, таҳияи буҷети давлатӣ, ҷараёни иҷрои он, назорати қотеъонаи истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва маблағгузории саривақтии тадбирҳое мебошад, ки аз буҷети давлатӣ пардохт мешаванд. Аз ин лиҳоз, кормандони мақомоти молияро зарур аст, ки тибқи принсипҳои банақшагирии стратегӣ ва низоми байналмилалии баҳисобгирии молиявӣ минбаъд низ доир ба масъалаҳои интизоми молиявӣ, тақсимоти самараноки захираҳо, шаффофияту тобеият ва таҳияи босифати буҷети давлатӣ, инчунин рақамикунонии соҳа чораҳои амалӣ андешанд.

Бори дигар, кулли кормандони мақомоти молия ва собиқадорони соҳаро бо иди касбӣ - Рӯзи кормандони мақомоти молия шодбош гуфта, ба ҳамагон сиҳатмандии комил, саодати рӯзгор ва дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияти хизматӣ барору комёбиҳо таманно дорам.

      Иди касбӣ муборак, кормандони мақомоти молия!