Фарорасии солгарди рӯзи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ифтихору шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ ба сокинони сарбаланду шарафманди вилоят сидқан табрику таҳният мегӯям.
Боиси ифтихор аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар раванди он сарнавишти давлатдориамон бунёдгузорӣ шуда, дар роҳи таъмин намудани сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ қадамҳои устувор гузошта шуданд, қабул гардид.
Дар Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр, ки соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, Парчами давлатӣ дар баробари дигар рамзҳои давлатӣ ҳамчун нишонаи ҳастӣ ва пойдории давлатдории миллии тоҷикон эътироф гардидааст.
Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Парчами давлатӣ рамзест, ки қудрати муттаҳидкунанда дорад ва дар қалби ҳар як шаҳрванд ғурури миллӣ ва эҳсоси гарми ватандориро бедор мекунад. Бинобар ин, ҳифзи парчам ва арҷгузорӣ ба он нишонаи ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад”.
Аз ин лиҳоз, бо мақсади таҳкиму тақвият бахшидани эҳсоси милливу ифтихори ватандории сокинон, бахусус ҷавонону наврасон дар аксари сафарҳои кории Пешвои муаззами миллат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят майдонҳои Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ ифтитоҳ мегарданд, ки муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷикро барои озодиву пойдории истиқлол ва ҳувияти миллӣ инъикос намуда, ҷиҳати расидан ба олитарин ормонҳои давлатдорӣ ва рушду шукуфоии рӯзгори босаодати мардум нақши равшан мегузоранд.
Ин рамзи муқаддаси миллии мо на танҳо дар тамоми гӯшаву канори кишвари азизамон ҳамчун нишони ифтихору сарбаландӣ парафшонӣ дорад, балки дастоварду пирӯзиҳои дар мусобиқаҳои кишварҳои гуногуни дунё бадастовардаи фарзандони шоистаи миллатро якҷо бо садо додани Суруди миллӣ муаррифӣ мекунад.
Аз ин лиҳоз, арҷ гузоштан ба Парчами давлатӣ ва шинохти қадри он ба унвони яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани маҳбуб ва нишони зиндагии осудаву ором вазифаҳои инсонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар кадоми мо ба ҳисоб рафта, чунонки Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд, бояд мояи ифтихори доимӣ ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту ватанпараст, роҳнамо ба сӯйи ояндаи дурахшони давлату халқи Тоҷикистон бошад.
Таманно мекунем, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу дӯстӣ, амнияту осоиш, ободию шукуфоӣ ва пешрафту тараққиёти кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша парафшон бошад!
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!