Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фарорасии Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҳар сол 6-уми ноябр дар саросари кишвари азизамон бо шукўҳи хос таҷлил мегардад, ба сокинони шарафманди вилоят сидқан табрику таҳният мегўям.

Ин санади раҳнамо, ки дар шароити ниҳоят душвори вазъи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо иродаи халқи шарафманди кишвар тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ба истиқрори сулҳу субот, низоми ҳаёти ҷомеа, барқарор гардидани қонунияту тартибот ва дар маҷмўъ, рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ шароити мусоид фароҳам овард. Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: “Дар асоси меъёрҳои Конститутсия ба мо муяссар гардид, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори сиёсӣ ва иқтисодии кишварамонро таъмин намуда, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам оварем”.

Воқеан ҳам, арзиши олӣ эътироф гардидани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, кафолати иштироки васеи шаҳрвандони кишвар дар идораи корҳои давлативу ҷамъиятӣ аз муҳимтарин меъёрҳои Конститутсияи кишвари азизамон мебошад, ки мазмуну моҳияти демократӣ доштани онро ифода менамояд.

Бо назардошти чунин меъёрҳои инсондўстона ва фарогирии манфиатҳои олии миллату давлат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон қарор дошта, ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванд азизу муқаддас ба ҳисоб меравад.

Аз ин лиҳоз, дар рўҳияи эҳтиром ба арзишҳои ватандорӣ, гиромидошти рамзҳо ва муқаддасоти миллӣ тарбия намудани насли ояндасоз муҳимтарин вазифаи мо ба ҳисоб меравад. Гузашта аз ин, арҷгузорӣ ва риоя намудани меъёрҳои ин санади тақдирсоз, ки онро Пешвои муаззами миллат “шаҳодатномаи халқи Тоҷикистон” номидаанд, моро вазифадор менамояд, ки барои амалӣ гардидани меъёр ва арзишҳои Конститутсия талош варзем, истиқлол ва ваҳдати миллиро ҳифз кунем, волоияти қонунро эҳтиром намоем ва ба ин восита дар рушду шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаи хешро гузорем.

Бо чунин ниятҳои нек, бори дигар, мардуми сарбаланди вилоятро ба ифтихори ҷашни муқаддасу таърихии Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳамагон сиҳату саломатӣ, хотири ҷамъ, рўзгори орому осуда ва дар Ватани азизамон сулҳу суботи ҷовидон орзу менамоям.

Рўзи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол муборак бошад!