Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Иди Меҳргон

Ҷашни Меҳргон яке аз идҳои қадимтарини мардумони форсу тоҷик мебошад, ки ҳамчун иди меҳру муҳаббат, дўстию рафоқати одамон бо якдигар, тантанаи ранҷи кашидаи барзгарон аст. Ба ин муносибат ҳамаи пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва кулли бошандагони вилоятро табрику таҳният мегӯям ва ба ҳамаатон тансиҳативу хотирҷамъӣ ва дар саодати рӯзгоратонро орзу менамоям.

Иди Меҳргон, ки рўзи Меҳр ҳам меноманд, асосан иди ҳосилот аст ва дар оғози фасли тирамоҳ ҷашн гирифта мешавад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ бо номи Митракона ё Митра зикр шудааст ва таърихи чаҳорҳазорсола дорад. Деҳқонон дар ҳамин рўзҳо ба ҷамъоварии ғалла сар мекунанд. Мувофиқи достонҳои қадима гўё Фаридун дар ин рўз ба Заҳҳок ғолиб омада, ўро дар кўҳи Дамованд ҳабс кардааст. Дар ин рўз мардум ба якдигар номаҳо менавишт, тўҳфаҳо тақдим менамуд. Ҷашнгирии Меҳргон ба иди Наврўз хеле монандӣ дорад. Мардум манзилашро тоза мекард, беҳтарин либосашро мепўшиду ба идгоҳҳо мерафтанд. Умуман, ин рўз рӯзи фараҳбахш ба ҳисоб меравад.

Меҳргон тибқи андеша ва эътиқоди ниёгони мо дар рўзи аввали моҳи Меҳр ва оғози фасли тирамоҳ таҷлил карда мешудааст. Он дорои эътидоли кайҳонӣ буда, дар ин айём рўзу шаб баробар мешавад ва ба ин сабаб номи ин моҳро Меҳр гузоштаанд. Мувофиқи ойини гузаштагонамон, дар рўзҳои ҷашни Меҳргон маросимҳои зиёде сурат мегирифтанд, зеро дар давраҳои бостон шуғли аксар мардум кишоварзӣ буд. Аз ин рӯ, пас аз ғунучини ҳосил барои баргузор кардани ҷашну шодӣ ва истироҳати кишоварзон замони муносиб ба шумор меравад.

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ба Истиқлоли давлатӣ расидани кишвар ҷашни Меҳргон аз нав эҳё гардида, чун ҷашни миллӣ ҳамасола таҷлил карда мешавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои хотирмон ҷашн гирифтани Иди Меҳргон тадбирҳо меандешад ва дар ин рўзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон иди ҳақиқии ҳосилотро баргузор мекунанд.  

Бори дигар ин санаи бостонӣ ва иди миллии давлатиро ба ҳамагон шодбош гуфта, орзу мекунам, ки кишоварзони вилоят ба истиқболи иди бошукўҳ дастовардҳояшонро афзун менамоянд, ҳосили дар саҳро рӯйидаро беталаф ҷамъ меоваранд, ба ин васила ба таъмини иҷрои барномаи озуқавории мамлакат, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар маҳсуб мешавад, саҳми бориз мегузоранд. 

Иди Меҳргон муборак, дӯстони азиз!