ПАЁМИ ТАБРИКИИ Раиси вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи соҳибкорон

Муҳтарам соҳибкорон!

Боиси қаноатмандист, ки ҳамасола  14 октябр ҳамчун рӯзи соҳибкорон ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат ҳамаи соҳибкорони вилоятро самимона таҳният гуфта, бароятон саломатии бардавом, хотирҷамъии ҳамешагӣ, хушиҳои  рӯзгор ва саодату сарбаландӣ  таманно менамоям.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар Форуми байналмилалии соҳибкорӣ таҳти унвони «Рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ» зикр карданд: “Ман ба қобилияти соҳибкорони имрӯза дар самти васеъ намудани истеҳсолоти саноатӣ, истеҳсоли маҳсулоти қобили рақобат, зиёд кардани ҳаҷми содироти маҳсулоти ниҳоӣ ва бо ҷалби технологияҳои пешқадам ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии истеҳсолот итминон дорам ва бори дигар изҳор менамоям, ки Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои соҳибкорону сармоягузоронро ҳамеша дастгирӣ мекунад”.

Дар ин радиф, саҳми соҳибкорони бо нангу номуси вилоят низ дар пешбурди соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят назаррас аст. Зеро ҳамасола аз ҷониби онҳо корхонаҳои саноатӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва ғайра сохта, ба истифода дода мешаванд. Мавриди зикр аст, ки дар вилояти Суғд зиёда аз 113,0 ҳазор нафар соҳибкор  фаъолияти пурсамар дорад.

Таҳлили натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои истеҳсолии хоҷагии халқи вилоят аз он дарак медиҳад, ки маҳз тавассути азму талошҳои шоистаи соҳибкорони ватандӯст ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолӣ марҳила ба марҳила афзуда, ба бунёд ва фаъолияти коргоҳҳои нав вобастагӣ дорад. Афзудани шумораи коргоҳҳо ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ маҳз ба натиҷаҳои назарраси фаъолияти ҳар яки Шумо соҳибкорон алоқаманд аст.

Баробари ин саҳми соҳибкорони вилоят дар самтҳои дигари иҷтимоиёт, аз ҷумла рушди ҳунарҳои мардумӣ, ташаккули соҳаи кишоварзӣ, хизматрасонию савдо, бунёди мактабҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ, ташаккули сектори хусусии соҳаи нигаҳдории тандурустӣ, татбиқи технологияҳои  инноватсионӣ, хайру эҳсон нисбат ба ниёзмандон хеле назаррас арзёбӣ мегардад.

Боварӣ дорам, ки таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси рӯҳбаландии ҳар яки Шумо гардида, боиси  ташаббусу корнамоиҳои нав ба нави созандагиву бунёдкорӣ, равнақи корҳои хайру эҳсон ва дар ин замина мусоидат ба пешрафту шукуфоии кишвари азизамон мегардад.

Иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Шумо, соҳибкорони муҳтарам, аз он дарак медиҳанд, ки сиёсати дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии соҳибкорӣ меваҳои шаҳдбор дода истодааст ва итминон мебахшад, ки дар солҳои оянда низ мо шоҳиди корномаҳои  созандаи шумоён гардида, ҷашни ҳумоюнӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои беҳтарин истиқбол мегирем ва Ватани маҳбубамон - Тоҷикистони азизро ба як сарзамини шукуфову сарсабзу хуррам ва боз ҳам ободу нусратёр табдил медиҳем.

Дар роҳи расидан ба ин ҳадафҳои наҷиб ва созанда ба ҳар яки Шумо соҳибкорони муҳтарам барору комёбиҳо ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуда, бори дигар Рӯзи соҳибкоронро ба ҳамагон муборакбод мегӯям.

Ҳамеша саодатманду сарбаланд бошед, соҳибкорони азиз!