Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сокинони шарафманду сарбаланди вилоятро ба муносибати фарорасии Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, дар роҳи ҳифзу арҷгузорӣ ва гиромидошти ​ забони давлатӣ, ки рукни муҳими давлатдории миллиамон ба ҳисоб меравад, барору муваффақиятҳо таманно менамоям.

Боиси таъкид аст, ки забон дар ҳама давру замон ҳамчун ойинаи таърих, дунёи маънавӣ ва хиради халқу миллатро дар худ таҷассум намуда, дар шинохти арзишҳои фарҳанги миллӣ, боло рафтани эҳсоси худшиносию худогоҳии аҳли ҷомеа, таҳким бахшидани пояҳои давлату давлатдорӣ ва дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардани миллат нақши арзанда мегузорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намудаанд: «Мардуми шарифи Тоҷикистон дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ шоҳиди дигаргуниҳои бузургу бесобиқа дар тамоми самтҳои ҳаёт, аз ҷумла дар татбиқи сиёсати давлатии забон, яъне пешрафти он ва ба таври куллӣ вусъат гирифтани доираи истифодаи забони шоиронаи тоҷикӣ гардидаанд. Маҳз дар ҳамин давра забони тоҷикӣ дар бахтномаи миллат – Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сифати забони давлатӣ эътироф ва дарҷ гардид».

Воқеан ҳам, забони ширину шевои тоҷикӣ дар ҷараёни рушду инкишофи худ аз замонҳои дури таърихӣ ҳамчун омили муҳимтарини муттаҳидкунанда, унсури ҳастӣ ва бақои умри миллати куҳанбунёди мо роҳи душвору пурпечутобро сипарӣ карда, дар замони муосир низ ба сифати яке аз пояҳои бунёдии давлатдорӣ дар таҳкими ваҳдату иттиҳоди аҳли ҷомеа хизмат мекунад. ​

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020 – 2030» пайваста тадбирҳои заруриро роҳандозӣ карда истодааст, ки ҳадаф аз онҳо амалисозии дурнамои рушди сиёсати забони давлатӣ ва таҳкими бештар бахшидан ба мақоми забони давлатӣ мебошад. Набояд фаромўш кард, ки забони мо, сарвати мо ва бойигарии маънавии миллат ба ҳисоб меравад ва ба сифати забони давлатӣ гиромӣ доштану ҳифзу ҳимоя намудани он вазифаи ҳар кадоми мо соҳибони ин забон мебошад.

Боварии комил дорам, ки сокинони вилоят дар роҳи поку беолоиш нигоҳ доштани бузургтарин ва гаронбаҳотарин дороиву сарвати мо – забони тоҷикӣ ва таҳкими мақому манзалати он ҳамчун забони давлатӣ саъю талош меварзанд.

Рўзи забони давлатӣ ​ муборак бошад!