
Ба муносибати ин санаи фархунда тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи вилоятро самимона табрик гуфта, ба кулли ҳомиёни содиқи марзу буми Ватан сиҳатмандиву хушбахтӣ ва сарбаландиву барори кор орзу менамоям.
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба садоқати ин нерӯи тавоно ва сипари боэътимоди давлат қайд намудаанд: “Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори муқовимати мусаллаҳонаи дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарзи фарзандии худро дар назди Ватан халқи Тоҷикистон содиқона иҷро карда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, яъне қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмини сулҳу субот ва мубориза бар зидди гуруҳҳои экстремистиву террористӣ саҳми басо арзишманд гузоштаанд”.
Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати касбии худро сарбаландона ба ҷо оварда, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва истиқрори сулҳу субот ҳамчун нерӯи тавоно ва қудратманд саҳми босазо гузошта истодаанд.
Дар зарфи сӣ сол артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст. Имрӯз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист.
Мавриди зикр аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати беҳтар намудани базаи моддӣ-техникии ҷузъу томҳои дар вилояти Суғдбудаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхории доимӣ зоҳир намуда, баҳри беҳтар намудани шароити хизмат чораҳои зарурӣ андешида истодааст.
Итминони комил дорем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба иҷрои рисолати муқаддаси худ, яъне ҳифзи Ватан-Модар ва дифоъ аз манфиатҳои давлату миллат омодаанд.
Ҳамаи хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои гарнизони Суғд, аъзои оилаи онҳо ва мақомоту сохторҳои ҳарбӣ, инчунин тамоми ҳамдиёрони азизро ба ифтихори сиюмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳамагон сарбаландию некномӣ, тани сиҳату хотири ҷамъ, хонаи обод, хушбахтӣ ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ муваффақияту пирӯзиҳо орзумандам.
Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!