Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи санаҳои муҳими таърихӣ ва ҷузъи муҳими фарҳанги кишвари маҳбуби мо ба шумор рафта, ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва нишонаи равшани ҳувияти миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.