Дар Конибодом ҷамъоварии пахта оғоз ёфт

6 сентябр дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Конибодом ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз ёфт

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар хоҷагии деҳқонии ба номи Деҳқонбой Исоев якҷо бо масъулони соҳаи кишоварзӣ ба чиниши пахта оғоз бахшида, барои пурра ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил супориш дод.

Боздиди Раиси вилоят аз боғи себи кооперативи тиҷоратии ба номи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шаҳристон

Боғпарварӣ яке аз шуғлҳои сердаромад ва асосии кишоварзони ноҳияи Шаҳристон буда, дар ин минтақаи хушбоду ҳавои вилоят асосан себ истеҳсол карда мешавад.

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз боғи себи кооперативи тиҷоратии ба номи Мирзо Турсунзода боздид намуд.

Боздиди Раиси вилоят аз ҷараёни ҷамъоварии картошка ва карам дар хоҷагии деҳқонии "Ватан"-и ноҳияи Шаҳристон

Дар ноҳияи Шаҳристон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рафти ҷамъоварии ҳосили картошка ва карамро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Дар хоҷагии деҳқонии "Ватан"- и ноҳия дар 0,5 гектар  картошка кишт гардида, деҳқонон 350-400 сентнерӣ ҳосил гирфита истодаанд. Имсол дар ҳамаи бахшҳои хоҷагии ноҳия 1900 гектар картошка кишт шуда, маъракаи ҷамъоварии ҳосил аз моҳи сентябр оғоз меёбад.

Ифтитоҳи синфхонаҳои иловагӣ дар ноҳияи Шаҳристон

30 август Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии рақами 11 ва 20 иштирок намуд.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11, ки дар деҳаи Темурмалики ноҳия ҷойгир аст, синфхонаҳои иловагӣ барои 200 хонанда дар ду баст ва ошхона бо 50 ҷойи нишаст бунёд гардид. Корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагӣ соли 2020 оғоз ёфта, дар арафаи Рӯзи дониш ба итмом расид. Барои бунёди иншоот 661 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла 401 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷет сарф шудааст.

Аёдати собиқадорони меҳнат дар ноҳияи Спитамен

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен собиқадорони меҳнатро аёдат карда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.

Роҳбари вилоят аз ҷумла аз ҳоли собиқадори соҳаи кишоварзӣ, дорандаи ордени Шараф Ҳайдарҷон Неъматҷонов ва собиқадори соҳаи маориф Турсунбой Эргашев хабар гирифта, ба онҳо саломатӣ ва хушиҳои рӯзгорро орзу кард.

Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Спитамен

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Спитамен сафари корӣ анҷом дод.

Зимни сафар роҳбари вилоят бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии ҶДММ «Спитамен-текстайлз» ва ҶДММ "Ганҷи ҳилол" шинос шуда, барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот супоришҳо дод.