Ифтитоҳи иншооти гуногун дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар маросими ифтитоҳи як қатор иншоот ширкат варзид.

Бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия коргоҳи коркарди маҳсулоти ширӣ, маҳсулоти хоҷагии ҷангал ва инчунин коргоҳи дӯзандагӣ сохта шуда, барои анҷоми корҳо 700 ҳазор сомонӣ равона карда шудааст.

Ифтитоҳи бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

13 октябр бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳаи Валиғонди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 ба истифода дода шуд.

Бинои муассиса аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ сохта шуда, барои 240 нафар хонанда дар як баст сохта шудааст.

Ифтитоҳи бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 деҳоти Иван-тоҷики ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ

13 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар маросими баистифодадиҳии бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 иштирок намуд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳоти Иван-тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҷойгир буда, барои 240 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Шиносоӣ бо сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №48 дар ноҳияи Айнӣ

13 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Айнӣ ташриф оварда, бо рафти корҳои сохтмонии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48 шинос гардид.

Бино ба иттилои масъулин бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №48-уми деҳаи Каздони деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ барои 320 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст. Лоиҳаи иншоот аз тарафи КФ КВД “Лоиҳакаш”-и ноҳияи Айнӣ таҳия гардида, тибқи харҷнома барои бунёди мактаб 6,4 миллион сомонӣ равона хоҳад шуд.

Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

12 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ аз корхонаи ресандагии  “Арвис Зелал Текстайл”, собиқ корхонаи “Олим-Текстайл" боздид намуда, бо васлу насби таҷҳизот ва таҷдиду навсозии хатҳои технологии корхона шинос гардид.

Корхонаи мазкур бо ташаббуси соҳибкорони тоҷику турк ба кор андохта мешавад ва айни замон корҳои омодагӣ ва таҷдиду навсозии таҷҳизот ҷараён дошта, рӯзҳои наздик ба кор шуруъ карда, ҳамзамон фаъолияти худро дар се баст ба роҳ мемонад.

Ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Мастчоҳ идома дорад

Дар ноҳияи Мастчоҳ, ки аз навоҳии пахтакори вилояти Суғд аст, ҷамъоварии ҳосил идома дошта, то имрӯз 17000 тонна "тиллои сафед" ба хирман супорида шудааст. Дар ин бора зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷамъоварии ҳосил дар хоҷагии деҳқонии "Лангар" иттилоъ дода шуд.

Тибқи нақша имсол дар ноҳияи Мастчоҳ 28980 тонна пахта истеҳсол карда мешавад ва ҳамарӯза то 615 тонна пахта ҷамъоварӣ шуда истодааст. Хоҷагии деҳқонии "Лангар" дорои 48,8 гектар замин буда, деҳқонон дар 40 гектари он парвариши пахтаро ба роҳ мондаанд. Аҳли заҳмати хоҷагӣ то ҳоло 100 тонна пахтаро ба корхонаҳои коркард супорида, тасмим доранд, ки рӯзҳои наздик нақшаи истеҳсолро иҷро намоянд. 40 нафар саҳмдорону чинакчиён дар саҳро машғули кор ҳастанд.