Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозори истеъмолӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 500 гектар токзори нав бунёд карда мешавад.
2 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо лоиҳаи токзори нав шинос гардид. Чуноне иттилоъ дода шуд, дар Ҷамоати деҳоти ба номи Дадабой Холматов ва Ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳия бо истифода аз таҷрибаи ангурпарварони шаҳри Турсунзода 500 гектар токзори нав бунёд карда хоҳад шуд. Ба иттилои масъулин бо бунёди токзори нав ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот зиёд гардида, ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда мешавад.



Ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома дорад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Зафаробод сафар карда, бо рафти ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳия шинос гардид.
Дар Ҷамоати деҳоти Ҷомии ноҳияи Зафаробод бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3 бунёд гардида, бо мавриди истифода қарор гирифтани иншоот хонандагон дар шароити беҳтарин таҳсили худро идома медиҳанд.
Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар ноҳия шинос гардид.
