Дар шаҳри Гулистон бо ташаббуси ҶДММ «Мурғи бебаҳо» ва ҶДММ «Ганҷи сомон» бунёди фабрикаҳои парандапарварӣ идома дошта, бо фаъол шудани онҳо даҳҳо нафар соҳиби ҷойи корӣ мегарданд. 8 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни бунёди фабрикаҳои нав шинос гардид.
Боиси зикр аст, ки дар шаҳри Гулистон бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми милливу стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, соҳибкорон бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлат корхонаҳои гуногун сохта, саҳми назарраси худро дар саноатикунонии кишвар гузошта истодаанд.



Шаҳри Бӯстон аз минтақаҳои саноатии вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, аз ҷониби соҳибкорону ширкатҳои истеҳсолӣ дар шаҳр ҳамасола корхонаҳои нави саноатӣ бунёд мегардад. Айни замон низ дар шаҳр сохтмону муҷаҳҳазсозии корхонаҳо идома дорад.
Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа дар вилояти Суғд тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.
6 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ собиқадорони меҳнатро аёдат кард.
6 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи ресандагии “Арвис Зелал Текстайл”, собиқ корхонаи “Олим-Текстайл"-и ноҳияи Мастчоҳ боздид намуд.
Бо мақсади беҳтар намудани вазъи обрасонӣ ва дар ниҳоят зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ барои пойгоҳи обкашии “Сомғор-1” ду агрегати нав харидорӣ карда хоҳад шуд. Дар ин бора имрӯз, 2 декабр зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти пойгоҳи обкашӣ маълумот дода шуд.
