Боздид аз гармхона ва шиносоӣ бо лоиҳаҳои бунёди токзори нав дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

12 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуда, бо фаъолияти гармхонаҳо шинос шуд ва барои зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти тару тоза ба масъулин супоришҳо дод.

Бояд таъкид кард, ки ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ, фаровонии бозори истеъмолӣ ва дастрасии сокинон ба маҳсулоти хушсифати ватанӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти гармхонаҳо тавваҷҷуҳи алоҳида зоҳир мегардад. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 205 адад гармхона мавҷуд буда, дар онҳо помидор, бодаринг, кашниҷу кабудӣ, инчунин гулҳои ороишиву мавсимӣ, лимӯ парвариш карда мешавад. Имрӯзҳо майдони кишт дар гармхонаҳо зиёда аз 17 гектарро ташкил дода, ҳосили он ба бозорҳои истеъмолӣ роҳ ёфтааст. Дар мавсими нави кишту парвариши сабзавот ва дигар зироат дар ноҳия 160 тонна помидору бодаринг, 75 тонна лимӯ ва 20 тонна дигар маҳсулот истеҳсол карда шудааст.

Аёдати собиқадорони меҳнат дар шаҳри Гулистон

8 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон собиқадорони меҳнатро аёдат кард.

Раиси вилоят аз ҳоли Насриддин Бадриев ва Акбаралӣ Усмоналиев хабар гирифта, бо пирони рӯзгор суҳбати самимӣ анҷом дод. Иттилоъ дода шуд, ки Насриддин Бадриев соли 1954 таваллуд шуда, пас аз хасти донишгоҳи тиббӣ солҳои зиёд ҳамчун духтури амрози дарунӣ дар Беморхонаи марказии шаҳри Гулистон​ кор кардаааст.​

Акбаралӣ​ Усмоналиев соли 1953 таваллуд шуда, зиёда аз 30​ сол дар соҳаи маориф кору фаъолият намуда, дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми шоиста гузоштааст.

Шиносоӣ бо сохтмони иншооти гуногун дар шаҳри Гулистон

Дар шаҳри Гулистон бо ташаббуси ҶДММ «Мурғи бебаҳо» ва ҶДММ «Ганҷи сомон» бунёди​ фабрикаҳои парандапарварӣ идома дошта, бо фаъол шудани онҳо даҳҳо нафар соҳиби ҷойи корӣ мегарданд.​ 8 декабр​ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни бунёди фабрикаҳои нав шинос гардид.

Боиси зикр аст, ки дар шаҳри Гулистон бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми милливу стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, соҳибкорон бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлат корхонаҳои гуногун сохта, саҳми назарраси худро дар саноатикунонии кишвар​ гузошта истодаанд.

Шиносоӣ бо бунёди корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Бӯстон

Шаҳри Бӯстон аз минтақаҳои саноатии вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, аз ҷониби соҳибкорону ширкатҳои истеҳсолӣ дар шаҳр ҳамасола корхонаҳои нави саноатӣ бунёд мегардад. Айни замон низ дар шаҳр сохтмону муҷаҳҳазсозии корхонаҳо идома дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корӣ аз шаҳр бо рафти васлу насби таҷҳизот дар корхонаи наве, ки бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардидааст, шинос шуд. Дар корхонаи нав истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ба роҳ монда шуда, дар он то 20 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд. Ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шуд, ки таҷҳизоти муосири корхона аз Ҷумҳурии мардумии Чин харидорӣ ва ворид карда шуда, рӯзҳои наздик корхона пурра омода мегардад.

Аёдати собиқадори меҳнат ва навраси бемор дар шаҳри Бӯстон

Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа дар вилояти Суғд тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.

Аз ҷумла, беморону маъюбон зери таваҷҷуҳи роҳбарияти вилоят қарор дошта, ба нафарони эҳтиёҷманд мунтазам кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корӣ аз шаҳри Бӯстон Мунисулло Зикррулозодаро аёдат карда, ба ин навраси бемор туҳфаҳои солинавӣ супорид. Ин наврас маъюб буда, оилаи онҳо яке аз оилаҳои ниёзманд маҳсуб меёбад ва аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ба ғамхорӣ фаро гирифта шудааст.

Аёдати собиқадорони меҳнат дар ноҳияи Мастчоҳ

6 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ собиқадорони меҳнатро аёдат кард.

Раиси вилоят собиқадори соҳаи маориф Робиямоҳ Холова ва собиқадори соҳаи кишоварзӣ Қосим Қосимовро аёдат намуда, ба онҳо кӯмакҳои модии худро расонид.

Робиямоҳ Холова соли 1956 таваллуд шуда, 40 сол дар соҳаи маориф ба ҳайси омӯзгор, мудири шуъбаи маориф, инчунин мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия кор карда, хизматҳои арзандааш бо ифтихорномаву сипосномаҳо қадр шудааст. Мавсуф соҳиби 5 фарзанд ва 13 набера буда, ҳоло низ дар тарбияи насли наврас саҳми худро гузошта истодааст.