Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Истиқлол 130 иншоот сохта мешавад

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол бунёди 130 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, 30 адади он соли равон мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд.

Аз ҷумла, дар доираи омодагиҳо ба ин ҷашни таърихӣ бунёди коргоҳи нонпазӣ ва қаннодӣ, тарабхона ва маркази хизматрасонӣ, осорхона дар боғи фарҳангиву истироҳатии шаҳр, таъсиси ҳавзи об барои таъмини аҳолии шаҳр бо оби нӯшокӣ, таъмиру азнавсозии хобгоҳҳо ба нақша гирифта шудааст.

Дар шаҳри Истиқлол корхонаи нави саноатӣ бунёд мешавад

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар саноатикунонии босуръати кишвар дар шаҳри Истиқлол боз як корхонаи нави саноатӣ бунёд хоҳад шуд. Дар ин бора зимни муаррифи лоиҳаи корхонаи нав ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маълумот дода шуд.​

Корхона аз ҷониби Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой сохта шуда, лоиҳаи он пурра омода шудааст ва соли 2023 корҳои сохтмонӣ оғоз ёфта, дар муддати якуним сол ва бо харҷи 50 миллион доллари ИМА ба анҷом расонида мешавад.

Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Истиқлол

14 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Истиқлол сафар карда, бо рафти корҳои ободониву созандагӣ шинос гардид.​

Зимни сафар роҳбари вилоят нахуст дар маҳаллаи 1-уми шаҳр ҷараёни сохтмони боғчаи бачагонаро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Ба иттилои масъулин муассисаи томактабӣ дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол ва саҳмгузории Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой сохта шуда, дар он 240 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.​

Раиси вилоят дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров собиқадорони меҳнатро аёдат кард

12 декабр зимни боздиди корӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.

Раиси вилоят аз ҷумла ба манзили собиқадори соҳаи маориф Абдуҷалил Саидов, собиқадорони соҳаи кишоварзӣ Гулсуной Мирзоғафурова, Хушбахт Хуррамов ва Аҳмадҷон Тоҳиров ташриф оварда, бо пирони кор суҳбатҳо анҷом дод.

Зимни аёдат қайд карда шуд, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба собиқадорони меҳнат таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат роҳбарияти вилоят мунтазам аз ҳоли шахсиятҳое, ки барои пешрафти ҷомеа саҳми арзанда гузоштаанд, хабар мегирад. Собиқадорони меҳнат барои таваҷҷуҳу ғамхориҳо миннатдории худро баён доштанд.

Боздид аз гармхона ва шиносоӣ бо лоиҳаҳои бунёди токзори нав дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

12 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуда, бо фаъолияти гармхонаҳо шинос шуд ва барои зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти тару тоза ба масъулин супоришҳо дод.

Бояд таъкид кард, ки ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ, фаровонии бозори истеъмолӣ ва дастрасии сокинон ба маҳсулоти хушсифати ватанӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти гармхонаҳо тавваҷҷуҳи алоҳида зоҳир мегардад. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 205 адад гармхона мавҷуд буда, дар онҳо помидор, бодаринг, кашниҷу кабудӣ, инчунин гулҳои ороишиву мавсимӣ, лимӯ парвариш карда мешавад. Имрӯзҳо майдони кишт дар гармхонаҳо зиёда аз 17 гектарро ташкил дода, ҳосили он ба бозорҳои истеъмолӣ роҳ ёфтааст. Дар мавсими нави кишту парвариши сабзавот ва дигар зироат дар ноҳия 160 тонна помидору бодаринг, 75 тонна лимӯ ва 20 тонна дигар маҳсулот истеҳсол карда шудааст.

Аёдати собиқадорони меҳнат дар шаҳри Гулистон

8 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон собиқадорони меҳнатро аёдат кард.

Раиси вилоят аз ҳоли Насриддин Бадриев ва Акбаралӣ Усмоналиев хабар гирифта, бо пирони рӯзгор суҳбати самимӣ анҷом дод. Иттилоъ дода шуд, ки Насриддин Бадриев соли 1954 таваллуд шуда, пас аз хасти донишгоҳи тиббӣ солҳои зиёд ҳамчун духтури амрози дарунӣ дар Беморхонаи марказии шаҳри Гулистон​ кор кардаааст.​

Акбаралӣ​ Усмоналиев соли 1953 таваллуд шуда, зиёда аз 30​ сол дар соҳаи маориф кору фаъолият намуда, дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми шоиста гузоштааст.