9 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Нижний Новгород бо и.в губернатори вилояти Нижегороди Федератсияи Россия Андрей Гнеушев мулоқот намуд.
Дар ин мулоқот, ки бо ширкати роҳбарони ташкилоту идораҳо, масъулони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, Сафорати Тоҷикистон дар ФР, Палатаи савдо ва саноат, соҳибкорону тоҷирони вилоятҳо доир гардид, ҷонибҳо оид ба таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ мубодилаи афкор намуда, дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.