Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони иншооти соҳаи маориф дар шаҳри Конибодом

28 апрели соли ҷорӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву бунёдкорӣ аз шаҳри Конибодом боздид намуд.

Раиси вилоят дар доираи сафар сараввал бо рафти бунёди иншооти соҳаи маориф шинос гардид. Чуноне маълумот дода шуд, тибқи нақша ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бунёди 40 адад иншооти соҳаи маориф дар назар дошта шуда, дар муассисаҳои таълимӣ қариб 5 ҳазор ҷойи нишаст ташкил мегардад. Дар ин самт корҳо оғоз ёфта, бунёди мактабу кӯдакистонҳо бомаром идома дорад. Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутӣ сохтмони кӯдакистони нав идома дорад, ки барои 120 нафар пешбинӣ шудааст. Кӯдакистони нав бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ва саҳмгузории аҳолӣ сохта шуда, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ дар маҷмуъ беш аз 3 миллион сомонӣ равона карда мешавад. Айни замон дар шаҳр 22 кӯдакистон фаъолият дошта, 4400 нафар хурдсолон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Шиносоии Раиси вилоят бо вазъи соҳаи тандурустӣ ва корҳои азнавсозию бунёдкорӣ дар соҳа

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд аз муассисаи хусусии тиббии хизматрасонии «Ортопедия ва технологияи муосир» боздид намуда, бо раванди хизматрасонӣ ба беморон ва шароити ин муассисаи нави тиббӣ аз наздик шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки он аз ҷониби соҳибкорӣ ватанӣ Фарҳод Ҳакимов таъсис дода шуда, сардухтури муассиса Шамсиддин Тошматов мебошад. Дар маркази хизматрасонии тиббӣ духтурони соҳибтаҷрибаи осебшиносӣ сарҷамъ гардида, дар як шабонарўз метавонанд то ба 30 нафар беморон хизмат расонанд.

Шиносоии Раиси вилоят бо рафти бунёди корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Хуҷанд

Бахшида ба ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллӣ ва 30 — солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 дар шаҳри Хуҷанд як қатор корхонаҳои саноатӣ бунёд ва ба истифода дода мешаванд.

Имрўз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти бунёди як зумра корхонаҳои нави истеҳсолӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд шинос гардид. Нахуст роҳбари вилоят сохтмони корхонаи бузурги саноатии истеҳсоли халтаҳои ҳаҷман калонро, ки дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ҷойгир аст, мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ба сохтмони чойхонаи миллӣ, маркази савдо ва хизматрасонӣ санги асос гузошта шуд

Дар деҳаи Сангистони Ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба бунёди чойхонаи миллӣ, маркази савдо ва хизматрасонӣ санги асос гузошта шуд.

Чойхонаи миллӣ, маркази савдо ва хизматрасонӣ бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар он ташикили чойхона, мағоза, сартарошхона, толори ороишӣ барои занон дар назар дошта шудааст.

Зиёрати оромгоҳи Мавлоно Шамси Табрезӣ

26 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корӣ аз ноҳияи Айнӣ оромгоҳи Мавлоно Шамси Табрезиро, ки дар Ҷамоати деҳоти Шамтуч воқеъ аст, зиёрат намуд.

Мавлоно Шамсиддин Муҳаммад ибни Алӣ ибни Маликдоди Табрезӣ яке аз шахсиятҳои камназири олами ирфон маҳсуб ёфта, аз муршидони асосии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба шумор меравад. Тибқи бархе ривоятҳо Шамси Табрезӣ дар деҳаи Вешаби Ҷамоати деҳоти Шамтуч дафн карда шудааст.

Раиси вилоят дар ноҳияи Айнӣ беморону ниёзмандонро аёдат кард

26 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Айнӣ чанде аз ниёзмандонро аёдат карда, ба оилаҳои аёдатшудагон кумакҳои моддӣ расонид.

Раиси вилоят аз ҳоли сокини деҳаи Рарз Ҷовид Ҳакимзодаро, ки маъюби гуруҳи якум аст, хабар гирифта, аз дӯкони кории ӯ боздид кард. Ҷовид новобаста аз бемории худ ба дӯхту таъмири пойафзол машғул буда, барои таъмини эҳтиёҷоти худ меҳнат мекунад. Раҷаббой Аҳмадзода ба кори ин ҷавон, ки мушкили ҳамдеҳагонашро осон месозад, баҳои баланд дода, амали ӯрои шоистаи таҳсин арзёбӣ намуд.