Шаҳристон. Раиси вилоят ба аёдати кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд рафт

Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Шаҳристон кӯдакон аз оилаҳои камбизоатро аёдат кард.

Раиси вилоят ба Марҷона Абдуллоева ва Шоҳсанам Туйчибекова туҳфаҳои идона тақдим карда, онҳоро ба муносибати Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон табрик намуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Айнӣ кӯдакони беморро аёдат кард

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Айнӣ чанде аз кӯдакони беморро аёдат кард.

Раиси вилоят аз ҷумла Ардашер Холиқов, соли  таваллудаш 2009, Надима Аббосова, соли таваллудаш 2014, Маъруф Шодиев, соли таваллудаш 2006 ва Саидноза Раупова, соли таваллудаш 2014-ро аёдат кард. Се нафари ин наврасон бо ҳукми тақдир гирифтори фалаҷи майнаи сар ва як нафари дигар нобино буда, дар парастории наздикону пайвандон қарор доранд.

Дар Истаравшан ҷамъоварии пилла идома дорад

Дар шаҳри Истаравшан соли равон тибқи нақша 7 тонна пилла истеҳсол карда мешавад ва то имрӯз кирмакпарварон 800 кг пилла супоридаанд. Дар ин бора зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Истаравшан маълумот дода шуд.

Раиси вилоят бо вазъи кирмакпарварӣ дар оилаи Яъқубовҳо, ки беш аз 30 сол инҷониб ба ин кор машғуланд, шинос шуда, барои истеҳсоли нақша ба масъулин тавсияҳои судманд дод.

Вусъати корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Истаравшан

Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рафти корҳои сохтмонии бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Гули Сурхро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Сохтмони бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан соли 2021 оғоз ёфта, он аз ду ошёна ва таҳхона иборат аст ва бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида истодааст. Дар бинои нав барои 14 корманд утоқҳои кориву ёрирасон сохта шуда, арзиши лоиҳавии иншоот зиёда аз 1,2 млн. сомониро ташкил медиҳад.​

Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони иншооти гуногун дар Истаравшан

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба шаҳри Истаравшан сафар кард.

Зимни сафар Раиси вилоят сохтмони як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои иҷрои босифати корҳо ба масъулин супоришҳо дод.

Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз канали Хоҷабақирғон

25 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз канали Хоҷабақирғон дидан кард.

Ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шуд, ки тавассути канали мазкур 4000 гектар заминҳои ноҳия шодоб шуда, ҳоло дар канал оби худҷорӣ мавҷуд аст. Дар ҳоли ҳозир об барои сари вақт обёрӣ намудани заминҳои кишоварзӣ басанда буда, самаранок истифода бурда мешавад.