Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ироа шуда буд, дар шаҳри Истаравшан ташкили корхонаҳои нави саноатӣ ва фаъолсозии корхонаҳои бозистода ҷараён дорад.
8 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Истаравшан бо рафти корҳои омодагӣ ва муҷаҳҳазсозии як қатор корхонаҳои саноатӣ шинос гардид. Зимни боздид аз корхонаи нассоҷии дар замони Шӯравӣ номдори шаҳри Истаравшан иттилоъ дода шуд, ки ин корхона бо ташаббуси соҳибкорон марҳила ба марҳила барқарор карда мешавад. Бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ аз ҷониби ҶДММ “Нури Истаравшан” корхонаи мазкур харидорӣ гардида, корҳои азнавбарқароркунӣ идома дорад. Айни замон таҷҳизоти муосири истеҳсоли ҷӯроб аз хориҷи кишвар ворид карда шуда, пас аз мавриди истифода қарор гирифтани дастгоҳҳои мазкур зиёда аз 25 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.



Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Конибодом бо нашъунамои пахта дар хоҷагии деҳқонии ба номи Роҳбар Қосимов шинос шуда, барои риояи қоидаҳои агротехникӣ ва озуқадиҳии зироат ба масъулин тавсияҳо дод.
7 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом ташриф оварда, бо рафти корҳои ободониву созандагӣ ва сохтмони иншооти гуногуни иҷтимоӣ шинос гардид.
7 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Конибодом бо сохтмони фабрикаи мурғпарварӣ, коргоҳи дӯзандагӣ ва коргоҳи банду басти хушкмева шинос гардид.
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Конибодом рӯзи 7 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода корҳои азнавсозии Боғи фарҳангию фароғатии шаҳрро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
30 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Шаҳристон бо ҷараёни сохтмони синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20 шинос гардид.
