14 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ сафари корӣ анҷом дод.
Зимни сафар роҳбари вилоят бо сохтмони иншооти гуногуни иҷтимоӣ шинос гардида, барои тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ба масъулин супоришҳо дод. Таъкид карда шуд, ки ба истиқболи ҷашнҳои дарпешистода- солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдкориҳо бояд вусъат ёбанд.



Дар шаҳру ноҳияҳои нисбатан гарми вилояти Суғд ҷамъоварии меваҷот оғоз ёфта, то имрӯз боғпарварони вилоят беш аз 5000 тонна мева содирот намудаанд. Дар ин бора зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат», ки 13 июн сурат гирифт, иттилоъ дода шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат бунёди корхонаҳои гуногун идома дорад.
8 июн Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Истаравшан бо ҳайати дастаи футболи «Истаравшан» мулоқот намуд.
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат кард.
8 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Истаравшан бо сохтмони як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ шинос гардид.
