23 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов бо фаъолони ноҳия мулоқот намуд.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки 18 июни соли равон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон баргузор гардид ва Сарвари давлат дар суханронии пурмуҳтавои хеш вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишварро таҳлилу баррасӣ намуда, ба роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.



Бо идомаи татбиқи лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» ба хоҷгагиҳои кишоварзии ноҳияи Деваштич 13 адад трактори гуногунтамға, 1 адад экскаватор ва 29 адад мошинолоти кишоварзӣ супорида шуд.
14 июн дар ноҳияи Мастчоҳ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба корҳои мумфаршкунии роҳи деҳаи Навобод оғоз бахшид.
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи автомобилгарди Бӯстон-Зарнисор бо дарозии 38 километр пурра мумфарш гардида истодааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ мураббӣ ва варзишгари номӣ Леонид Пронженкоро аёдат намуд.
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони корхонаҳои нави истеҳсолӣ ҷараён дошта, барои ташкили ҳарчи бештари ҷойҳои корӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодааст.
