
Ҳайати вилояти Суғд зери роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Форуми сармоягузории "Тошканд-2024" иштирок намуд.
Дар доираи чорабинии байналмилалӣ дар ноҳияи Чирчиқи вилояти Тошканд Форуми соҳибкорони вилоятҳои Суғд ва Тошканд доир гардид. Дар кори форум Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ҳокими вилояти Тошканд Зоир Мирзоев, соҳибкорону сармоягузорони ду тараф иштирок намуданд.
Ҳайати вилояти Суғд нахуст бо фаъолияти корхонаи «Азия Ташкентский текстиль» шинос шуд ва сипас миёни соҳибкорони ду вилояти ҳамсоя мулоқоту вохӯриҳо дар шакли B2B ва B2G ҷараён гирифт.
Дар форум роҳбарони вилоятҳо аз густариши робитаҳо, ки самараи сиёсати пешгирифтаи роҳбарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аст, изҳори қаноатмандӣ карданд.




Дар ноҳияи Спитамен бо мақсади рушди соҳаи саноат, истифодаи иқтидорҳои мавҷуда, афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои муҳиму муассир андешида мешавад.

Аз 2 то 4 декабри соли ҷорӣ ҳайати вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади анҷом додани мулоқотҳои судманд бо соҳибкорону доираҳои тиҷоратӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафари корӣ анҷом дод.
