Аёдати собиқадорони меҳнат дар ноҳияи Ашт

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ашт ду нафар собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.

Раиси вилоят ба манзили Мақсуда Мадисмонова ва Абдусаттор Абдуғаффоров ташриф оварда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.

Раҷаббой Аҳмадзода бо аҳли оилаи Мадисмоновҳо ва Абдуғаффоровҳо суҳбат карда, бо вазъи омодагии ин оилаҳо ба давраи тирамоҳу зимистон шинос гардид. Ин ду оила барои зимистон маводи зарурии ғизоиро захира кардаанд.

Роҳбари вилоят бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки ҳар як  оила бояд маҳсулоти заруриро ба таври кофӣ захира намояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд